Бинои Ҷамоати деҳот нав мешавад

№106 (3407) 08.08.2015

Деҳоти «Тусиён» — и ноҳияи Роштқалъа бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Корхонаи хурди коркарди чӯб дар ин деҳот камтар аз як сол боз фаъолият дошта бошад ҳам, бо сифати хуби маҳсулоташ берун аз ҳудуди деҳот шуҳрат пайдо намудааст.

Тавре роҳбари корхонаи мазкур Мирзосаид Алибахшов иброз дошт, дастгоҳҳои  корхонаро ҳамагӣ ба маблағи панҷ ҳазор доллари ИМА аз шаҳри Перми Федератсияи Россия дастрас кардаанд, ки ба таври автоматикӣ бидуни танаффус кор мекунанд. Хуб мешуд, ки ҷавонони мо баъди бозгашт аз муҳоҷират бо нархи гарон мошинҳои сабукрав намехариданду ягон корхона таъсис медоданд. Он вақт манфиаташон ҳам ба соҳиби корхона ва ҳам ба ҳамдеҳагон мерасид. Мирзосаид Алибахшов ният дорад, ки боз ду дастгоҳи дигар дастрас намуда, корхонаро васеъ намояд.

Деҳоти «Тусиён» ба наздикӣ соҳиби бинои дуошёна мегардад. Бинокорон, ки аз моҳи апрели соли равон ба корҳои сохтмонӣ оғоз  карда буданд, девори ошёнаи аввали биноро ба итмом расонда, ба сементпӯш кардани шифтҳои он машғуланд. Муҳандиси сохтмони мазкур Парпишо  Муҳаммадиев гуфт, ки аз 470 ҳазор сомонии ихтисосдодашуда қариб ба 170 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро анҷом додаанд, зиёда аз 23 нафар дар ин ҷо кор мекунанд ва бештари онҳо дорои касбҳои гуногуни бинокорӣ мебошанд.

Раиси Ҷамоати деҳоти «Тусиён» Манзура Раҷаббекова мегӯяд, ки бинои хоҷагии деҳқонӣ, ки ҳоло маъмурият ва кормандони идора он ҷо кор мекунем, дар аввали солҳои ҳафтодум сохта шуда, ҳамагӣ аз ду утоқу як даҳлези хурд иборат аст. Аз ин рӯ, ҳангоми қабули шаҳрвандон ва баргузории ҷаласаву мулоқотҳо маҷбур мешавем, ки толори хонаи фарҳангро  истифода барем ва ё ба мактаб муроҷиат намоем. Бинобар ин, аз оғози сохтмони бунёди бинои нав мо хеле хушҳол ҳастем.

Дар баробари ин пешравиҳо сокинони деҳа маблағ ҷамъ намуда, кӯпруки мошингардро аз нав карданд. Толори варзиширо бошад, ҷавонони деҳот бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таъмир намудаанд. Имрӯз наврасону ҷавонони деҳаҳои наздики «Тусиён», аз қабили деҳаҳои Мирсаид Миршакар ва Қурбоншо Гадолиев дар ин ҷо ба тамрин машғуланд. Наврасону ҷавонони деҳоти «Тусиён» нақша доранд, ки бо кумаку дастгириҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия толори калони деҳотро, ки ба таъмир ниёз дорад, пурра азнавсозӣ намоянд.

Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»