«Бистрӯзаи аввал» ҷамъбаст гардид

№120-121 (4703-4704) 05.10.2023

2- юми октябри соли 2023 дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и маркази вилояти Суғд ҷамъбасти бистрӯзаи аввали маъракаи ҷамъо­варии пахта баргузор гардид.

Дар ҷамъомад эълон гардид, ки ҷойи аввалро деҳқонони ноҳияи Ашт ишғол карданд, ки аз аввали мавсим 6688,1 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 47,1 дарсади нақша баробар аст.

 Мақоми дуюмро пахтакорони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд. Дар ин ноҳия то санаи 1-уми октябр 7699,9 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 41 фоизи нақшаро ташкил мекунад.

- Боду ҳавои имсола новобаста аз тағйирёбии иқлим барои рушди пахта мусоид омад ва пахтакорони вилоят ният доранд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ҳосили хуб ба даст оранд. Дар назар аст, ки соли равон дар вилоят 135 ҳазору 200 тонна пахта истеҳсол карда шавад. То имрӯз 39​ ҳазору 935,9 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд, ки ба 29,5​ фоизи нақша баробар мебошад, — иброз дошт дар баромади худ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Тибқи дастури раиси вилоят, бо мақсади пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар вилоят «60 рӯзи меҳнати зарбдор» эълон карда шуд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»