Боғдорони Ашт нақшаи содироти меваро иҷро карданд

№72 (4178) 18.06.2020

ываываНоҳия аз калонтарин навоҳии боғдорӣ дар шимоли мамлакат маҳсуб меёбад. Дар он, хусусан боғоти меваи донакдор — зардолу  васеъ доман паҳн кардааст. Бино ба  гуфти сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафторҷон Тӯйчиев, аз 16 ҳазору 500 гектар боғот 9000 гектари он ҳосилдеҳ мебошад.

Боғдорон тасмим гирифта буданд, ки соли равон 3000 тонна зардолуро ба хориҷи дуру наздики кишвар содирот намоянд. 14 июни соли равон ин нақша пурра иҷро гардид. ҶДММ «Зардолу ва К»  тавассути 160 мошини боркаш зардолу, олу ва гелосро ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия интиқол дод. Ҳамакнун, кишоварзон ҳар рӯз то 20 тонна меваи тару тозаро бо нархҳои аз 1,5 то 2,5 сомонӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мебароранд.

То кунун  наздик ба 500 тонна, аз ҷумла, 453 тонна зардолу, ба фурӯш бароварда шуд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»