Бо вуҷуди захмдорӣ далерона ҷангидааст

№50 (3687) 09.05.2017

ш ШокосимӮ марди табиатан камгап буд. Сухан хеле самимӣ ва кӯтоҳ мегуфт. Кӯшиш мекард, ки байни кӯдакону наврасон бошаду бо лафзи ширини онҳо суҳбат кунад. Аз хандаи кӯдакон лаззат мебурд. Мехост ҳамеша дар лабони онҳо табассум бошад.

Бо ҳамин тарз мехост ҷанги хонумонсӯзро, ки ҳазорҳо тифли бегуноҳро ба коми марг кашид, лаҳзае фаромӯш созад. Аммо он лаҳзаҳои ҳузнангез ҳеҷ гоҳ аз хотираш зудуда намешуданд.

Вақте бори нахуст ба майдони ҳарбу зарб даромад, пеш аз ҳама, ҷасади нимҷони кӯдаконро дид ва дар ҷояш шах шуд.

Чашмони Имомназари 19 — соларо сиёҳӣ пахш кард. Ҳамяроқаш ӯро ба қундоқи милтиқ ба пеш тела карда гуфт:

- Ҳой бародар, ин ҷанг аст. Бояд душманро нобуд намоем, на ин ки дар сари ҳар мурда гиря кунем.

Сарбози ҷавон оҳи пурсӯзе кашиду пеш рафт. Он рӯз ҷанговарон душманро 5 километр ба қафонишинӣ маҷбур карданд.

Моҳи октябр барои озод кардани хоки Украина муҳорибаи шадид оғоз ёфт. Ҷанговари тоҷик Имомназар дар дивизияи тирандозии 62 — юм меҷангид. Замини Украина гӯиё дар алангаи ҷанг месӯхт. То моҳи декабри соли 1943 Имомназар барои озод намудани хоки он мардонавор ҷангид.

Вале ҷанг ҷанг аст. Дар яке аз муҳорибаҳои тан ба тан снаряди душман Имомназар Элназаровро сахт маҷруҳ кард. Дар беморхона бистарӣ гашт ва баъд аз якуним моҳи табобат боз ба фронт рафт. Ин дафъа дар дивизияи тирандозии 92-юм миномётчӣ шуда, далерона ҷангид.

Имомназар бори дуюм захмдор шуда, бистарӣ мешавад. Ин дафъа ҳам шифо ёфту назди ҳамяроқон баргашт. Минбаъд барои озод намудани хоки Молдавия, Руминия ва баъдан Венгрия иштирок кард.

Муҳорибаи хунин барои озод кардани Венгрия ҳеҷ гоҳ аз хотираш намеравад. Душман намехост, ки ин сарзаминро аз даст диҳад. Вале рӯз аз рӯз армияи Иттифоқи Шӯравӣ тавонотар мегашт.

Барои ҷонбозиҳои бемислу монанд ва озод намудани хоки Венгрия аз фашистон Имомназар бо ордени «Ситораи сурх» сарфароз гардид. Он ба ҷанговари ҷавон қувваю матонати нав зам намуд ва ӯ роҳи ҷангиашро баҳри озод намудани Булғория ва Югославия идома дод.

Муҳорибаи сахт барои озод кардани пойтахти Австрия-Вена барои Имомназар гарон афтод. Захмҳои ҷанг ӯро азият медоданд, вале  ӯ ба дарди ҷонкоҳ тан надода, ба душман муқобилияти сахт нишон медод. Барои мардонагӣ нишон додан ӯ бо медали «Барои шуҷоат» қадр карда шуд.

Имомназар Элназаров то моҳи ­декабри соли 1945 дар ҷабҳа буд. Моҳи феврали соли 1946 ба зодгоҳ — шаҳри Хоруғ баргашт. Сари синаи ӯро ордени «Ситораи сурх» ва чанд медал зеб медод.

Бародари калониаш Бекназар, ки яке аз ҷанговарони матин буд, дар озод кардани хоки Украина ба ҳалокат расид. Ин хабари шумро Имомназар дар муҳорибаи Молдавия шунид.

Бародарон Бекназар ва Имомназар Элназаровҳо аз ҷумлаи родмароне мебошанд, ки хотираи некашон ҳамеша дар қалби ҳамдиёрон боқӣ хоҳад монд.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»