Мизи мудаввар

Бойгонӣ таърихи миллат аст

№152 (3298) 24.12.2014

gaspiko-panorama6

Чанде пеш дар толори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ғанӣ гардонидани хазинаи бойгонии миллӣ дар самти аксу садо ва синамои Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.

Ҷамъомад таҳти раёсати директори Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳанифа Ойяҳмадова ҷараён гирифта, дар он намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», КВД «Тоҷиккино», Театри давлатии академӣ -драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи кишвар иштирок намуданд.

Фаъолияти гузашта ва имрӯзаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, Ҳанифа Ойяҳмадова оид ба фаъолияти филиалҳои саридора дар шаҳру ноҳияҳои кишвар маълумот дод.

Тоҷиддин Ҷалолов –директори Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғанигардонии хазинаи бойгонии миллӣ дар самти аксу садо ва синамои Тоҷикистон сухан ронда, аз ҷумла зикр кард, ки саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик дар Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз буда, инъикоси худро аз солҳои 20-уми асри XX то имрӯз ёфтаанд.

Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 августи соли 1971 ба фаъолият оғоз намудааст. Дар бойгонии мазкур се шуъба  -шуъбаи ҷамъоварӣ ва ташхиси ҳуҷҷатҳои бойгониҳои идоравӣ ва таъминоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, шуъбаи иттилоот, истифодаи илмӣ ва лабораторияи таъминоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва шуъбаи мудофиаи гражданӣ фаъолият менамояд.

- Ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо инъикоскунандаи бевоситаи симои қаҳрамонони ҷангу меҳнат, омадани аввалин трактору автомобил, аэроплан, қатора, сохтмонҳои азими хоҷагии халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Айни замон дар Саридораи бойгонӣ 12 ҳазор ҳуҷҷатҳои синамо, 140 ҳазор суратҳуҷҷатҳо ва 4900 ҳуҷҷатҳои садо нигоҳ дошта мешаванд. Ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо асосан аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, АМИТ «Ховар», Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», вазоратҳо, осорхонаҳо, муассисаҳо, институтҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, театрҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо ба бойгонӣ ворид мегарданд.

-Тайи ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо як миқдор ҳуҷҷатҳоро бойгонӣ намуда, ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудем, ки ин барои наслҳои оянда зарур ва ногузир аст, зеро бойгонӣ таърихи миллат аст, — гуфт мушовири сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Робия Муъминова.

-Мутаассифона, аз соли 1991 инҷониб, аз тарафи вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар корхонаҳо ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ супорида намешаванд, ки ин омил ба фаъолияти мо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ҳама самтҳо корро ҷоннок намоем, — гуфт Ҳанифа Ойяҳмадова дар ҷамъбасти ҳамоиш.

М. ЗОКИР, «Садои мардум»