Бонувони Ишкошим атласбофӣ меомӯзанд

№111 (3748) 19.09.2017

АтласДар маркази ноҳияи Ишкошим бо сарпарастии Созмони ҷамъиятии «Ҷовид» машғулиятҳо бо фарогирии 18 нафар бону барои омӯхтани ҳунарҳои атласу адрасбофӣ анҷом ёфтанд.

Муовини раиси ноҳия Ашам Холдорзода гуфт, ки соли гузашта ду бонуи ҳунарманд — Насрин Отамбекова ва Заррина Шаҳбозова, ки дар тоқидӯзию гулдӯзӣ маҳорати хуб доштанд, ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои аз худ намудани касбҳои атласу адрасбофӣ фиристонда шуданд. Онҳо дар маркази атласу адрасбофии «Дугонаҳо» нозукиҳои ин касбро аз худ намуда, баргаштанд. Дар он ҷо ба онҳо як дастгоҳи адрасбофӣ туҳфа намуданд. Соли гузашта дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои бонувони ноҳия дутои дигар чунин дастгоҳро тақдим намуда буд. Баъди бозгашт аз Суғд Насрин ва Заррина бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази ноҳия коргоҳи хурд ташкил ва 10 нафар бонуро ба кор ҷалб намуданд. Дар фосилаи на чандон зиёди фаъолият бонувони ҳунарманд, ки аксарияташон ҷавонон мебошанд, зиёда аз 100 метр маҳсулот тайёр карданд.

Мудири Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Ойгул Бобокова изҳор дошт, ки хоҳишмандони омӯхтани касбҳои бофандагию дӯзандагӣ дар ноҳия зиёданд. — Дар замони шӯравӣ ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла тоқидӯзию ҷӯроббофӣ, гулдӯзию муҳрабофӣ ва боз касбҳои дигар қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд. Дар деҳот ҳамагӣ чанд нафар зани куҳансол ба дӯхтани тоқии шинами ишкошимӣ, муҳрабофию гулдӯзӣ машғул буданд ва маҳсули дасташон фақат дар тӯйҳои арӯсӣ истифода мешуд,-афзуд Ойгул Бобокова. — Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шуғлҳо дар баробари дигар ҳунару суннатҳои мардумӣ аз нав эҳё ва ба як манбаи сердаромад мубаддал гаштанд. Бо соҳиб гардидани бонувон ба грантҳои президентӣ барои рушди соҳибкорӣ теъдоди занону духтарони соҳибкор бамаротиб зиёд шуд. Куртаҳои шинами миллӣ, тоқиҳои хушдӯхти вахонӣ, муҳра ва ҷӯробҳои рангоранги помириро дар сару тану гардани бонувон мебинему ғурури миллии мо даҳчанд боло меравад.

Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ,

«Садои мардум»