Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бояд ба боварии Пешвои миллат сазовор бошем

№22 - 23 (3659 - 3660) 02.03.2017

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳуҷҷати раҳнамунсози ҷомеа самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд. Дар он соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, барои рушди минбаъда дастуру супоришҳо дода шудааст. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Корҳои то ба ҳол амалигардида ва дастовардҳои ноилшудаамон ҳанӯз талаботи имрӯзаро пурра қонеъ карда наметавонад, зеро дар фаъолияти мо мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб хеле зиёданд».

Дар Паём, аз ҷумла зикр шуд, ки «Танҳо дар 15 соли охир даромади Буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфт».

Эътироф бояд кард, ки бо чунин суръат рушд кардани кишвар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии мардуми шарифи кишвар аст. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар мамлакат ободкориву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, мардум бо шукргузорӣ аз тинҷиву осудагии давлат кору зиндагӣ доранд. Роҳбари давлат бо иродаи қавӣ роҳи минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, мардуми ҷумҳурӣ дар ин ҷода собитқадаманд. Натиҷаи тадбирандешиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон ба кишвари рӯ ба рушд табдил ёфта, ба се ҳадафи стратегии хеш — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ наздик шуда истодааст. Тавре Президенти кишвар дар Паёми худ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат зикр карданд: «Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар натиҷа, мо ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил додем».

Қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст, ки дар натиҷаи ба кор андохтани иқтидорҳои нави энергетикӣ имсол бори аввал дар моҳи январ маҳдудияти неруи барқ пурра бекор карда шуд ва он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон на танҳо ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад, балки кишварҳои аз бебарқӣ азиятдоштаи минтақаро бо неруи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Паёми Президенти кишвар оид ба сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ҷомеа андешаҳои ҷолиб иброз шуд. Пешвои миллат зикр карданд, ки: «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд, Тоҷикистон кишварест, ки 70 фисади аҳолиашро шаҳрвандони то синни 35 ташкил медиҳад. Президенти кишвар ҳанӯз аз солҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шудан ба ин қишри аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Имрӯз ҷавонони ғаюри Ватан дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳмгузор буда, ҷалби онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда зиёд аст.

Мо — ҷавонон бояд бо Ватан, миллат ва забону фарҳанги оламшумули он ифтихор намуда, барои ҳимоя ҳамеша омода бошем. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ба насли ҷавон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд. Роҳбари давлат ҳангоми эълони ин иқдом, аз ҷумла қайд карданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».

Вакте ки Пешвои миллат ба насли ҷавон чунин эътимод доранд, қарзи виҷдон ва рисолати инсонӣ аст, ки сазовори боварӣ бошем.

Шарофиддин Шарифов,

нотариуси калони Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе