Дар деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ба фаъолият оғоз намуд. Барои сохтмони иншооти навбунёд ва воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ 8 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.
Дар корхонаи мазкур истеҳсоли 6 номгӯи гулоб (аз пудина, биҳӣ, гули заъфарон, гули муҳаммадӣ, гули тархун) ва равғани эфир ба роҳ монда шудааст. То ин вақт дар корхона 500 мг. гулоб ва 40 тонна гули садбарги муҳаммадӣ коркард гардидааст.
Бино ба иттилои масъулин, 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 320 кас ба корҳои мавсимӣ ҷалб хоҳанд шуд. Аҳли корхонаи мазкур дар 3 гектар лаванди осиёӣ ва аврупоӣ ва дар масоҳати 24 гектар гули муҳаммадӣ кишт ва парвариш намуданд. Гиёҳҳои шифобахши пудинаи боғӣ, янтоқ ва заъфарон ҳамчун намуна кишт ва парвариш гардида, барои дар оянда коркард шудан захира шудаанд.
Ифтитоҳи корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар ноҳияи Шаҳринавро метавон боз як қадами муҳим дар рушди саноати дорусозии Тоҷикистон ҳисобид.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»