Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Садои мардум» воқеан ҳамчун манбаи нотакрори маводи зарурӣ ва ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ солҳои дароз бойгонии арзишнок маҳсуб меёбад.
Инак, боз як бастаи рӯзнома, ки давоми соли 2013 ба нашр расид, ба бойгонии идора ворид гардид.
Дар ин муддат бо саъю кӯшиши кормандони идора, хабарнигорони рӯзнома дар минтақаҳо ва мухбирони ҷамоатии маҳалҳо роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа маводҳо ба табъ расиданд. Ҳамзамон давоми сол ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» садҳо шаҳрвандон муроҷиат карда, таври шифоҳӣ ва хаттӣ роҷеъ ба масоили рӯзгори хеш ва ҷомеа, камбудиву норасоиҳои мавҷуда арзи матлаб намуданд. Идораи рӯзнома ба қадри имкону тавоноӣ барои ҳалли мушкилоти мардум мусоидат кард ва хабару дигар матолиби онҳоро дарҷ намуд. Илова ба маводҳои омодакардаи ходимони идора, хабарнигорони дар маҳалҳо будаи рӯзнома, аз номи мухбирони ҷамоатӣ ва одамони касбу кори гуногун давоми соли ҷорӣ беш аз 200 нома ворид гардид.
Дар миёни мухбирони ҷамоатӣ нафароне ҳастанд, ки бо идора ҳамкории доимӣ доранд. Инҳо Нурулло Ҳасанов, Ҳокими Сафар, Мирзосафар Ризвонов, Исломи Ниёз, Сироншоҳи Диловар, Амир Сайиди Мункӣ мебошанд, ки пайваста аз рӯйдодҳои шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Мӯъминобод, Файзобод, Рашт, Дарвоз, Ховалинг хабар медиҳанд. Аз шаҳри Душанбе, вилоятҳо, дигар минтақаҳои кишвар низ одамони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимон, адибон, рӯзноманигорон, ходимони нашрияҳои маҳаллӣ лавҳаю мақола ва ё хабару гузоришҳо омода карда, ба идораи рӯзнома равон мекунанд. Баъзе навиштаҳоеро, ки мавзӯи рӯзро дар бар мегиранд ва ё ҷолиб аст, мо ҳатман чоп мекунем. Навиштаҳои Абдулвоҳид Шамолов «Миллатсозӣ ва идеяи миллӣ»(аз 5 феврали соли 2013, №16), Рӯзӣ Аҳмадов «Танзими расму ойин кори хайру савоб аст»(аз 22 феврали соли 2013, №21-22), С. Сатторзода «Ҳар ҷое, ки пою қадами Президент мерасад, он ҷо гул мекунад»(18 марти соли 2013, №32-33), С. Муҳиддинов «Берун аз Ватан, бо номи Ватан ва ҳамеша дар ёди Ватан» (3 майи соли 2013, № 53), Б. Сайдалиев «Тири каҷ боиси нокомии тирандоз аст» (4 июли соли 2013, №83), Шоҳҷони Абдурасул «Суруди тоҷикӣ Хитойро мусаххар кард» (14 сентябри соли 2013, №114) аз ҳамин қабиланд.
Дар миёни маводҳои онҳо навиштаҳое низ ҳастанд, ки ба талаботи рӯзномаи «Садои мардум» мувофиқ нест ва бинобар ин сабаб ба нашр намерасанд. Мо борҳо зимни шарҳу тафсири номаҳо иброз доштем, ки маводҳои дар дигар нашрияҳо батабърасидаро такроран чоп намекунем, вале то ба имрӯз муаллифони чунин навиштаҳо моро дуруст дарк намекунанд, ки муаллифонашон онҳоро якбора ба якчанд нашрия пешниҳод мекунанд.
Бамаврид аст ин ҷо як чизи дигарро хотиррасон намоем, ки баъди содир гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №622 аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» таъсирнокии матолиби дар нашрияҳо, аз ҷумла рӯзномаи «Садои мардум» чопшуда зиёд шудааст. Дар ин робита, аз ҷумла баъди нашри маводҳои таҳлилӣ, проблемавӣ ва танқидии «Ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо нигоҳи нав бояд назар кард» ( аз 22 январи соли 2013, № 11, мусоҳибаи Б. Каримзода бо муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидғуфрони Абдулло), «Маводе, ки танҳо бадбахтӣ меорад» (аз 26 феврали соли 2013, №23, муаллиф Аъзам Мӯсоев), «Мошин барои фавтидагон» (аз 22 феврали соли 2013, №21-22, муаллиф Д. Мерганов), «Тақвияти мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсия» (аз 1 феврали соли 13, №15, муаллиф Аъзам Мӯсоев), «Идеяи миллӣ ва ҳикмати он дар беҳсозии ҷомеа» (аз 18 марти соли 2013, №32-33, андешаҳои профессор Абдураҳмон Маҳмадов), «Хиллари Креймер: Лоиҳаи НБО-и «Роғун» бояд дар сархати феҳристи вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ бошад» (аз 19 марти соли 2013, №34-35, муаллиф Д. Мерганов), «Амнияти озуқаворӣ ва тағйирёбии иқлим» (аз 5 марти соли 2013, № 27, андешаҳои Раҳмон Шукуров), «Олусон ҳамаро каҷ мебинанд» (аз 1 апрели соли 2013, №41, муаллиф Д. Мерганов), «Шоҳию атлас куҷо шуд?» (аз 9 апрели соли 2013, №44, андешаҳои Ҳикматулло Сатторов) ва даҳҳо навиштаҳои дигар, ки ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа бахшида шуда буданд, аз ҷониби роҳбарону масъулони вазорату идора ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷавобҳо ирсол гардида, дар саҳифаҳои рӯзнома ба табъ расиданд.
Итминон дорем, ки дар Соли нави 2014 ҳамкориҳоямон бо мардум ва масъулони идораю ташкилотҳои гуногун боз ҳам мустаҳкам мегардад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»