Ба истиқболи Ҷашни — 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд бинои нав бунёд мегардад.
Санги асоси иншооти нав аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Абдухолиқ Амирзода гузошта шудааст.
Бинои нав аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода мешавад. Тибқи лоиҳа бино аз таҳхона ва ҳафт ошёна иборат буда, маҷмӯан, дорои 120 кати табобатӣ хоҳад буд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»