Бозёфт аз Дараи Аловак

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

Се кӯзача ва тангаи қадимае, ки сокини шаҳраки Файзобод Камол Неъматов пайдо кард, ба қарни Х мансуб аст.  Мавсуф ҳангоми кандани теппачаи мавзеи Дараи Аловак, ки дар наздикии деҳаи Хами себи деҳоти «Ҷавонон»-и ноҳияи Файзобод  воқеъ аст, тангаеро ёфт, ки дар як тарафаш расми одами болои гов савор ва дар сӯрохчааш пайи муҳре намоён аст. Ин танга мансуб ба давлати Юнони қадим буда, дар он тасвири Филиппи II ҳаккокӣ карда шудааст.  Акнун ин бозёфтҳо дар қатори нигораҳои осорхонаи ноҳия ба маърази тамошо гузошта, аз таърихи қадима доштани Файзободи имрӯза гувоҳӣ медиҳад.

-Чунин  ашёҳои қадима дар ноҳия мунтазам пайдо мешаванд. Аз ҷумла соли гузашта дар маҳаллаи Дегрезӣ намунаи дегҳои қадима пайдо гардиданд, ки  таври хоса сохта шудаанд. Дегҳои қадимаи ёфтшуда низ ба қарни Х мансубанд,- гуфт ба хабарнигорамон мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод Ҳабибулло Мирзошарифов.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»