Ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат гирифта истодаанд.
Дар иртибот ба ин чанде пеш раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба сохтмони се иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва таърихӣ оғоз бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ нахуст дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳр барои сохтмони бинои Хонаи ақди никоҳ ва Ансамбли рақсии «Зебо» санги асос гузошт.
Бинои мазкур, ки соли оянда, дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад, барои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва фарҳанг туҳфаи арзанда хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 5457 метри мураббаъ ва масоҳати сохтмон 2365 метри мураббаъро фаро мегирад. Дар ин ҷо Хонаи акди никоҳ, ҳуҷраҳои хизматӣ, бойгонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хобгоҳ барои аъзои Ансамбли рақсии «Зебо», толори тамрини рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва толори маҷлисиву консертӣ барои 380 ҷой сохта хоҳад шуд.
Ҳамчунин бо иштироки раиси вилоят дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.
Таъкид гардид, ки ин манзили истиқоматӣ аз нуҳ ошёна, панҷ қисм ва 140 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат хоҳад буд. Тибқи нақша дар ин мавзеъ боз бунёди панҷ бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ дар назар дошта шудааст. Барои сохтмони хонаи истиқоматии барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пешбинишуда 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ равона мегардад. Дар хонаи нави истиқоматӣ 140 оила метавонанд соҳиби ҷойи зист шаванд.
Бо иқдоми роҳбарияти вилоят ҳамзамон дар шаҳраки донишҷӯён, ки дар миёни маҳаллаҳои 17-ум, 19-ум ва 20- уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик қомат хоҳад афрохт. Иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, барои донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои олии ин мавзеъ таҳсил мекунанд, таъсиргузор буда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносию ватанпарварӣ ва дӯст доштани арзишҳои таърихии миллӣ тарбият хоҳад кард.
А. САЛИМЗОДА,«Садои мардум»