- Дар ноҳияи Қубодиён калонтарин корхонаи сементбарории «Осиё-семент» дар майдони 65 гектар бунёд хоҳад шуд. Аллакай аз ҷониби ширкати «Ориён-инвест» ҳамвору омода кардани макони сохтмон шурӯъ шудааст. Барои бунёди он беш аз 160 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст. Баъди ба истифода додани корхона наздик ба 1500 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд, — мегӯяд Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён.
Сохтмони корхона дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСК «Ориёнбонк» бо сармоягузорони чинӣ дар нимаи дуюми соли ҷорӣ оғоз мешавад. Айни ҳол корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ҷараён доранд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 2 ҳазору 500 тонна сементи навъи М-400 ва ду ҳазору 500 тонна навъи ба сулфат тобовар, дар маҷмӯъ панҷ ҳазор тонна сементи баландсифат мебошад.
Дар назар аст, ки дар заминаи корхонаи истеҳсоли семент, ҳамчунин корхонаҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, кафел ва шакар бунёд гардад.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»