Чаро бекориву ғайбат «шуғл»-и як идда занони шаҳрнишин гардида?

№79 (3380) 10.06.2015

Дар ҷаҳони муосир як идда шаҳрнишиниро чун падидаи маъмулӣ ва барои тамоми қишрҳои ҷомеа имконпазир арзёбӣ менамоянд, ки ба назари инҷониб, андешаи билкул хато аст. Сокини шаҳр будан фарҳанги хосаи худро дорад, ки бояд аз ҷониби шаҳрвандон таври бояду шояд ба инобат гирифта шавад. Риояи талаботи санитарӣ, пӯшидани либос, одоби муошират ва ғайра аз ҷузъҳои ин фарҳанг маҳсуб меёбанд. Мутаассифона, зиёд шоҳиди он мешавем, ки қисмати аъзами ин талабот аз ҷониби шаҳрвандон риоя намегардад ва ин омилҳо дар маҷмӯъ ба  обрӯву манзалати шаҳр ва сокинони он латма ворид менамояд. Барои мисол, камбудиҳои ҷиддӣ дар самти риояи қоидаҳои гигиенӣ – санитарӣ, муошират, фарҳанги либоспӯшӣ ба мушоҳида мерасад, ки ҳусни шаҳр ва манзалати шаҳршинонро то андозае  коста гардонидааст.  Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ҳатто дар замонҳои қадим дар шаҳрҳои пешрафта на ҳама имкони маскун шуданро доштанд. Ҷиҳати омода намудани шаҳрвандон барои иқомат дар шаҳр дар наздикии онҳо шаҳристонҳо ташкил намуда, он ҷо ба нафароне, ки тасмими маскуни шаҳр шуданро доранд, фарҳанги шаҳрнишинӣ омӯзонида мешуд. Баъд аз пурра омода ва мутобиқ шуданашон ба талаботи мавҷуда, ба ин нафарон иҷозаи сокини шаҳр гардиданро медоданд.  Боиси нигаронист, ки баъзе аз нафарони давоми солҳои охир маскуни шаҳргардида, хоса занон, аз вежагиҳои фарҳанги шаҳрнишинӣ огоҳии комил надоранд.

Ҳолатҳое  ба мушоҳида мерасад, ки баъзе биноҳои истиқоматӣ ба «намоишгоҳ»-и либосҳо, ки дар он  аз либосҳои таҳпӯш то номгӯйи дигар ба «намоиш» гузошта шудаанд, табдил ёфтааст. Ин омил аз он гувоҳӣ медиҳад, ки як идда  сокинони шаҳр одитарин қоида – дар куҷо хушк кардани либосҳои шусташударо намедонанд ва ё медонанду риоя намекунанд. Нафаре, ки ин талаботро, ки одитарин маҳсуб меёбад, риоя намекунад,оё метавонад ба дигар муқаррароти шаҳрнишинӣ арҷ гузорад? Албатта, не!

Дар баробари ин омилҳо ба коре машғул гардидан низ аз рукнҳои фарҳанги шаҳрнишинист. Вале дар қисмати зиёди хонаводаҳои шаҳр  танҳо мардон кор мекунанду халос. Занони хонашин бошанд,  аксаран рисолати хешро дар назди биноҳои истиқоматӣ бекор нишастану ба ғайбат машғул шудан мебинанд. Чунин ҳолат, ки ба дуруст тарбия наёфтан, аз мактаб дур мондан ва аз муҳити тарбияи хонавода ва ҷамъият берун шудани фарзандони чунин хонаводаҳо  боис гардидааст, мақому манзалати оиларо паст мезананд, ҳол он ки барои ба касбе шуғл варзидан дар шаҳр имконот нисбатан фарохтар  аст. Танҳо шавқ  доштан лозим аст.  Аз ҷониби  дигар, омили мазкур ба тақвияти буҷети оила ва беҳбудӣ ёфтани сатҳи зиндагии хонаводаҳо мусоидат менамояд.   Агар масъаларо амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, ҳувайдо мегардад, ки бекор будан ва ба ғайбату суханчинӣ машғул гардидан барои як идда занон ба меъёри зиндагӣ табдил ёфтааст.Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки оилаҳое, ки модарон бекор ва ба ғайбату суханчинӣ машғуланд, дар қиболи  падидаҳои номатлуб,  ба мисли аз тарбия дур мондани фарзандон, аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмӣ миёни аъзои оила, зуҳур кардани ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва ғайра  осебпазир маҳсуб меёбанд.

Биноан, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва арҷ гузоштан ба он зарур ва ногузир буда, ба ин васила мо метавонем худро ҳамрадиф бо дигар дастовардҳо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати миллате, ки аҷдодонаш шаҳрнишин ва эъморгари бузургтарин шаҳрҳо буданд, таври шоиста муаррифӣ намоем.

Далер Мерганов, «Садои мардум»