Чаро ҲНИТ ҷинояткоронро ҳимоя мекунад?

№27-28 (3173-3174) 20.03.2014

Дар нишасти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки мебоист дар бораи «Шиканҷа ва омилҳои он» гап мерафт, сухан саропо аз хусуси наҳзат ҷараён гирифт, ба вижа, дар бораи Ҳамза Икромзода, ки дар ноҳияи Ҳисор иқомат  дошт ва ба ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда, соли 2012 дар маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе даст ба худкушӣ зада буд. Дар маҷлиси ҲНИТ, аз ибтидо то интиҳо меҳвари гуфтугӯ Ҳамза Икромзода буд. Аммо онҳо нишон медоданд, ки гӯё дар умум дар хусуси шиканҷа баҳс мекунанд. Пас, дар ин ҷо суоле ба миён меояд, Икромзода кӣ буд ва чӣ аъмоле дошт, ки наҳзатиёнро мутеи худ сохт? Ӯ қаҳрамон буд ё ҷинояткор?

Дар бораи ин «қаҳрамон» ҳаминро бояд гуфт, ки Икромзода Ҳ. 13-уми январи соли 1985 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, мактаби миёнаи зодгоҳашро бо душворӣ хатм кардааст. Бинобар сабаби дониши амиқ надоштан, натавонист хониши худро дар муассисаҳои олӣ давом диҳад. Аз ин рӯ, ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ роҳ сӯйи Федератсияи Россия пеш гирифт. Икромзода ҳангоми дар ин кишвар қарор доштан бо ҳамроҳии бародараш ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ташкил намуда, бо сокинони Россия задухӯрд мекард. Дар баъзе задухӯрд муваффақ мегашт ва дар баъзеи дигар мағлуб шуда, рӯ ҷониби гурез меовард.

Баъди бозгашт ба Тоҷикистон бо ҳамроҳии Бобоназар Раҳимов ном писари холааш дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор ба ғорату авбошӣ ва ҳар гуна зуҳуроти номатлуб даст зад, ки боиси зиндонӣ шудани ҳар  ду гардид. Яке аз сабабҳои ба маҳбас афтодани онҳо ин буд, ки шаби 9-уми моҳи майи соли 2011 Ҳамзаалӣ ва Бобоназар бо маслиҳати пешакӣ ва аз рӯйи нақшаи тарҳрезишуда, бо мақсади тасарруфи амволи ғайр, бо истифода аз зӯроварӣ ва яроқи оташфишону корд ба рӯ ниқоб кашида, ғайриқонунӣ ба хонаи М.М., ки дар деҳаи Дучинораи деҳоти «Сомонӣ»-и ноҳияи мазкур иқомат дошт, таҳдидкунон даромада, аз соҳибхона ва аъзои оила чаҳор адад телефони мобилӣ ва 1500 сомониро ба таври зӯрӣ аз худ намуда, бар замми ин М.М.-ро латукӯб кардаанд. Пас аз ин ҳодиса кормандони милитсия онҳоро дастгир намуданд ва суди ноҳия ба муҳлати 11 сол онҳоро аз озодӣ маҳрум сохт. Икромзода аз ин аъмоли манфури худ нашармида, дар зиндон доимо бо кормандони маҳбасхона муноқиша мекардааст. Ин гуфтаро аксарият исбот месозанд. Масалан, як нафар бо номи Қурбонов З, дар шабакаҳои интернетӣ мегӯяд: «Икромзода баъзан бо овози баланд кормандони муассисаро дашномҳои қабеҳ медод ва баъзан бо овози баланд шеър мехонд, ки ба шахси носолими рӯҳӣ монанд буд». Ба гуфтаи Қурбонов З., дар вақти зинда будани Икромзода хешу таборонаш ӯро қариб хабар намегирифтаанд. Ҳатто Абдураҳмонов ном зиндонӣ ба бародари Икромзода занг зада мегӯяд, ки Ҳамзаалиро насиҳат кунанд, чунки ӯ метавонад ягон маҳбусро бикушад ва дар ҳамин муассиса дигарбора ба ҷазо гирифтор шавад. Вале бародари Икромзода гуфтааст: «Чунин бародар ба ман лозим нест». Ниҳоят Икромзода даст ба худкушӣ зад ва волидонаш хостанд ба додгоҳ даъво баранд, ки ӯро дар пайи шиканҷа куштаанд ва аз ин ҳисоб маблағ ба даст оранд. Додгоҳ хулоса кард, ки Икромзода на аз шиканҷа, балки аз худовезӣ фавтидааст ва бинобар ин, даъвои волидонаш асос надорад. Инчунин натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшудаи Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохт. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Қурбонов низ ба ин ақида аст, ки имрӯз барои оилаи Икромзода маблағ лозим шудааст ва «онҳо мурдаро фурӯхта истодаанд».

Бояд тазаккур дод, ки холаи Икромзода, Ҷӯраева Моҳсафар  гуфтаҳои болоро тақвият бахшида, зикр мекунад, ки оилаи Икромзодаҳо писари ӯ (Бобоназар Раҳимов)-ро барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ ба ҷиноят тела додаанд. Зеро Икромзодаҳо аз Ҷӯраева М. 20000 (бист ҳазор) доллари амрикоӣ қарздор будаанд.

Тавре нақл мекунанд, ҳанӯз соли 2008 Ҷӯраева хонаашро фурӯхта, писарашро оиладор мекунад. Маблағи боқимондаро бошад, хоҳараш — завҷаи Икромов Файзалӣ омада, зораю тавалло мекунад, ки ба онҳо қарз диҳад.  Ҷӯраева 31700 (сиву як ҳазору ҳафтсад) долларро ба хонаводаи Икромзодаҳо медиҳад. Баъди якчанд муддат Икромзода 11700 доллари қарзро бармегардонад ва боқимондаашро ваъда медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик ҳисобӣ мекунад. Вале, хилофи аҳд, то ҳол 20000 долларро барнагардондааст.

Баръакс, муносибати Икромзода бо Ҷӯраева якуякбора сард мешавад. Ҷӯраева чандин бор барои гирифтани маблағ ба хонаи хоҳараш меояд, аммо «қаҳрамон»-и наҳзат Ҳамзаалӣ Икромзода ва бародараш Амир Икромзода холаашонро бо лафзҳои қабеҳ дашном дода, дар назди падарашон Файзалӣ ва модарашон Зулайхо зери латукӯб қарор медиҳанд.

Ба ростӣ, аз авбошу роҳзан ҷонибдорӣ кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хеле нигаронкунанда аст. Шояд ба ин тариқа роҳбарият ва аъзои ҲНИТ фикри обрӯю нуфузи худро дигарбора пайдо кардан доранд. Чунки аз аъзогии Икромзодаҳо барин шахсон аксари мардум зарар дидаанд, аз қабили хешу таборон, ҳамсояҳо ва ҳамдеҳагони онҳо. Аммо як чиз мусаллам аст, ки рафтори ин гуна ҷонибдорони ҳизб ба манфиатҳои сиёсиашон латма ворид мекунад. Аз ин рӯ, наҳзатиён баҳри нигоҳ доштани мавқеи хеш аз ҳар роҳу восита истифода бурда, чунин нишасту мизи гирд ва амсоли онро ташкил мекунанд. Баъд аз ин ҲНИТ мекӯшад гунаҳгорони ифротгарои наҳзатиро ҳимоя кунад.

Сипеҳр Раҷабов