ҶСК «Фабрикаи парандапарварии Чиптӯра» соли 1950 дар соҳили дарёи Қаратоғ бо назардошти иқлими мусоид барои соҳаи парандапарварӣ сохта шуда, бо иқтидори истеҳсолии 1 миллиону 200 ҳазор дона тухм дар як шабонарӯз кор мекард. Ҳоло бошад, дар ин ҷо танҳо чанд соҳибкори маҳаллӣ тариқи иҷора фаъолиятро ба роҳ монда, ҳеҷ кадоме хоҳиши ибрози андеша намуданро накарданд…
Ба кор даромадани теъдоди зиёди коргоҳҳои парандапарварӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар боис ба он гардиданд, ки минбаъд ҳоҷат ба воридоти тухму гӯшти паранда намонд.
Ҳоло доираи интихоби истеъмолгарон ба маротиб васеъ гардида, онҳо ба ҳаҷму сифат, муҳлати нигоҳдорӣ ва нарху макони маҳсулоти истеҳсолгардида таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Замоне ҶСК «Фабрикаи парандапарварии Чиптӯра»-и ноҳияи Шаҳринав ба ҳайси яке аз истеҳсолкунандагони асосии тухму гӯшти босифати мурғ ба ҳисоб мерафт. Вале имрӯз аз он шуҳрат нишоне намондааст.
Дар ҳақиқат, коргоҳе, ки як вақтҳо тимсоли муваффақият ба ҳисоб мерафт, акнун на танҳо ба таъмири асосӣ, балки ба бозсозии куллӣ ва дигаргунагии сохтор ниёз дорад. Вазъият дар фабрика чунон нигаронкунанда аст, ки онро на бо сухан, балки бо аксҳо метавон тасвир намуд.
Аслан, иқтисодчиён дар ин гуна маврид вазъиятро аз нуқтаи назари самаранокӣ ва мақсаднокӣ баҳо медиҳанд. Аз ин лиҳоз, барои ояндаи фабрикаи мазкур бояд масъулин тадбирҳои таъхирнопазир андешанд ва дар таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»