ЧОРАБИНӢ БА ТАҚВИЯТИ РАВОБИТ МУСОИДАТ КАРД

№ 07.06.2016

 SONY DSCПайвандҳои фарҳангӣ ва хешутабории мардуми Бадахшону Хатлон аз қадим маншаъ гирифтаанд. Замони соҳибистиқлолӣ, бахусус баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани шоҳроҳи Кӯлоб -Дарвоз-Хоруғ- Кулма, робитаҳо қавитар гардид.

29 май шаҳри Хоруғ адибону санъаткорон, намояндагони табақаҳои аҳолии Хатлонзаминро, ки ду рӯз дар меҳмонии мардуми меҳмоннавози Мурғоб ва Ишкошиму Роштқалъа буданд, дар фазои созу суруди идона ба оғӯш гирифт. Раисони ду вилоят- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва вилояти Хатлон — Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз беморхонаи касалиҳои сил, маркази таълимию омӯзишии кӯдакони «Нур», табобатхонаи вилоятӣ дидан намуда, суҳбат оростанд. Мулоқоти Шодихон Ҷамшед ва Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Курбоналӣ бо сарбозону афсарони қисми марзбонии Хоруғ ба Рӯзи таъсисёбии неруҳои сарҳадии кишвар рост омад. Дар ин рӯз, инчунин аз манзили собиқадорони меҳнат — Одилбек Қурбонбеков, Фаридун Ёдалиев ва Назарбегим Муборакшоева дидан намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ доштанд. Раиси вилояти Хатлон барои хизматҳои шоиста дар рушди кишвар онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Он рӯз дар боғи фароғатӣ- фарҳангии шаҳри Хоруғ  дастовардҳои ҳунармандону косибон, кишоварзон ва корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маъраз гузошта шуд ва онҳоро ҳазорон нафар сокинони шаҳр ва меҳмонон тамошо карданд. Раисони вилоятҳои Хатлону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз намоишгоҳ дидан намуда, ба хотири эҳтиром дар пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон -Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузоштанд. Дар қаҳвахонаи тобистонаи «Сирена» раиси вилояти Хатлон барои собиқадорони ҷангу меҳнат дастурхони идона ороста, ба чанд нафар аз онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Шодихон Ҷамшед зимни суханронӣ,  аз ҷумла зикр намуд, ки дар остонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овардани меҳмонони азизу гиромӣ аз вилояти Хатлон рамзи якдилию якмаромӣ ва иттиҳоди тамоми тоҷикистониён мебошад.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ сипосгузории  намояндагони вилояти Хатлонро аз истиқболи гарми мизбонон иброз намуда, гуфт, ки онҳо аз суҳбату мулоқот бо мардуми меҳмоннавози Бадахшон хотираҳои неку фаромӯшнашаванда бо худ мебаранд.

Барномаи консертии санъаткорони вилояти Хатлон анҷомбахши чорабиниҳо гардид.

Ш. ШОҲҚОСИМ,

 «Садои мардум»