Чорабинии идона дар донишкада

№159 (3460) 24.11.2015

DSC_1023Тавре аз хадамоти матбуотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада таҳти унвони «Парчамат доимо парафшон бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!» чорабинии идона бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба таълим Хуршед Мақсудов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои асосии Давлат мебошанд. Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҳамроҳ Атаева баргузории чорабинии мазкурро нишонаи баланди ватандорӣ ва эҳсоси худшиносии аҳли ҷомеа номид.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»