Чу узве ба дард оварад рӯзгор…

№100 (3401) 28.07.2015

Сокинони вилояти Суғд чун дигар минтақаҳои кишвари азизи Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини вуқӯи офати табиӣ дар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар навоҳии кишвар худро ғамшарики онҳо мешуморанд ва баҳри кумак ба зарардидагони ин ҳодиса бо иҷрои амалҳои хайр иқдом мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст,ки 210 навраси навоҳии бар асари офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар навоҳиро барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд ҷалб намояд. Дар ин маврид муовини раиси вилояти Суғд  Назира Ғаффорӣ зимни як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар рӯзҳои наздиктарин 210 нафар кӯдакону наврасоне,ки дар натиҷаи офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт бехонумон мондаанд, барои истироҳату фароғат ва идомаи таҳсил ба вилояти Суғд оварда мешаванд.Вай афзуд,ки аз ин шумора 100 нафар кӯдакону наврасони ноҳияи Шуғнон дар лагери «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум, 60 нафар кӯдакону наврасони ноҳияи Ванҷ ва 50 нафар аз ноҳияи Рашт дар лагери «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов барои таҳсилу фароғат маскун карда мешаванд.

Назира Ғаффорӣ ҳамчунин гуфт, ки  кӯдакону наврасоне,ки дар натиҷаи офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт бехонумон мондаанд, бо сару либос ва лавозимоти мактабӣ таъмин ва тамоми шароити мусоид барои таҳсилу истироҳаташон дар вилояти Суғд  муҳайё карда мешавад. Ин кӯдакону наврасон то замони ба таври комил ободу барқарор шудани манзилҳояшон дар ҷойҳои барояшон муқарраргардида хоҳанд монд.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»