Дар Агентӣ зиёда аз 300 киллограмм маводи нашъаовар сӯзонда шуд

№ 26.09.2016

 23 сентябри соли равон  дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури комиссияи махсус, намояндагони мақомоти ҳифзи хуқуқ, воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 303  килограмму 040 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 40 киллограмму 408 грамм героин, 20 килою 252 грамм афюн, 179 килою 088 грамм ҳашиш, 63 килою 072 грамм бангдона ва 217 грамм ҳаби МДМА, ки аз рӯи 23 парвандаи ҷиноӣ ва 52 парвандаи маъмурӣ нисбати ашхоси алоқаманди онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуд.

Дар маросими несту нобуд сохтани маводи нашъаовар иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ, ки ба Тоҷикистон даъват гардидаанд, аз ҷумла ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии хонум Саломат Азимӣ- вазири мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хонум Ашита Миттал- роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, намояндагони баъзе сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ мусодира гардида буданд.

Бояд зикр намуд, ки дар давоми ҳабдаҳ соли охир аз ҷониби Агентӣ зиёда аз 17 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудааст.

С. УМАРОВ, «Садои мардум»