Дар Ҳамадонӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

№ 17.01.2024

Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли 2023 дар майдони 13 ҳазору 271 гектар кишти зироатҳоро ба роҳ монда, ҳосили хуб рӯёниданд.

Сардори раёсати кишоварзии ноҳия Тоҳирҷон Рафиев ҳангоми суҳбат изҳор дошт, ки аз ҳисоби зироатҳои киштшуда аз ҷумла, 23 ҳазору 195 тонна ғалладонагӣ ҷамъоварӣ гардид. Дар хоҷагиҳои ноҳия, инчунин,  парвариши сабзавот хуб ба роҳ монда шуда, дар натиҷа соли гузашта 14 ҳазору 741 тонна пиёз, 2727 сабзӣ, 6741 помидор, 3720 бодиринг, 1581 тонна карам ҷамъоварӣ гардид.

Бино ба иттилои Тоҳирҷон Рафиев, дар майдони 8410 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки аз он 5877 гектар ғалладонагӣ, 1067 гектар сабзавот ва 370 гектарро полезӣ ташкил дода, ба 100 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар аст.

    Исломи РАҶАБАЛӢ,

    «Садои мардум»