Дар ҷангал низ зимистон аст

№5 (3306) 09.01.2015

Оё ҳайвоноту парандагон бе мушкилӣ сарморо паси сар мекунанд?

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 ташкил шуда, вазифаи асосиаш муҳофизати олами ҳайвоноту наботот мебошад.

Кормандони Агентӣ ҳамасола барои зимистонгузаронии ҳайвоноти ваҳшӣ кумак менамоянд. Имсол низ чун солҳои пешин маводи лозима захира ва бо сард шудани ҳаво барои истифодаи парандагону ҳайвонот дар талу теппаҳо ва кӯҳҳо гузошта шуданд.

Сардори шуъбаи шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Ятимов зимни суҳбат иброз дошт, ки барои иҷрои корҳои биотехникӣ дар хоҷагиҳои тобеи Агентӣ 62380 сомонӣ маблағ сарф шудааст. Бо ин маблағ 12 тонна рези гандум, 65 тонна хошок ва 4,5 тонна кунҷора захира гардида, 440 лонаи паранда ва 344 намакдонҳо сохта шудааст. Маҳсулот дар ҷойҳои наздик ба гаштугузори ҳайвоноту парандагон захира гардида, вақтҳои зарурӣ барои истифода гузошта мешавад. Дар ҷавоб ба саволи инҷониб, ки оё маҳсулот дар ҳаҷми рақамҳои пешниҳодшуда дарвоқеъ вуҷуд дорад ва боре санҷида шудааст, ҳамсуҳбатам гуфт, ки мутаассифона, то ҳол ҳисоботи аз ҷониби хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳо пешниҳодшударо насанҷидаанд.

Доир ба омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ бо роҳбарони якчанд хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ низ ҳамсуҳбат шудем.  Сардори Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» Нуриддин Сайфуллоев дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки ҳамасола барои парандагон дар ҷангалзорҳо лонаҳо мегузоранд, то ин ки онҳо аз сардӣ талаф наёбанд. Бино ба гуфти мавсуф, лонаҳо аз тахтаҳо сохта шуда, ҳангоми зарурат аз нав таъмир карда мешаванд.  Сардори Хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб низ омодагиашон ба зимистонро дар ҳадди 100 фоиз изҳор дошт. Сардори хоҷагии ҷангали ноҳияи мазкур Хуршед Ҳомидов гуфт, ки то имрӯз ду тонна хошок (дар се қитъа), 200 килограмм намак ва 200 килограмм дону рез захира намудаанд ва ҳангоми зарурат истифода мекунанд. Бино ба гуфти номбурда, дар ҳолати сардтар омадани зимистон Хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб аз ҳисоби маблағи аз фурӯши роҳхатҳои шикорӣ бадастомада барои ҳайвоноту парандагон боз ҳам маҳсулоти заруриро харидорӣ менамояд.

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ ҳам барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон омода аст, аммо баръакси дигар хоҷагиҳо дар ин ҷо маҳсулотро захира нанамудаанд, балки 1920 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст ва ҳангоми зарурат рези гандуму намак ва дигар хӯрокаи ҳайвонот харидорӣ шуда, барои истифода дастрас мегардад. Зимнан бояд гуфт, ки дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ду парваришгоҳ- «Искандаркӯл» ва «Вота» мавҷуд аст. Бино ба гуфти сардори Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ Ҳикматулло Қориев, дар ин парваришгоҳҳо миқдори лозимаи хошок захира шудааст. Номбурда изҳор дошт, ки дар ҳудуди парваришгоҳи «Искандаркӯл» дар баробари он ки хошок захира шудааст, ҳамчунин мавзеъҳое мавҷуд аст, ки алафи он барои зимистонгузаронии ҳайвоноти ваҳшӣ дарав карда намешавад.

Яке аз вазифаҳои дигари Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими шикори ҳайвоноту парандагон аст ва сиёсати ягонаи давлатиро дар масъалаи шикор ва хоҷагиҳои шикорӣ бояд муайян созад. Ғиёсиддин Ятимов доир ба ин масъала изҳор дошт, ки ҳар сол дар қаламрави заминҳои фонди давлатии ҷангал як бор ҳисоби ҳайвоноти шикорӣ гузаронида мешавад ва ҳисобот ҷамъбаст шуда, ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод мегардад. Дар асоси ҳисобот лимити шикор ҷудо мешавад, ки аз 5 то 10 фоизи ҳайвоноту парандагонро дар бар мегирад.

Тавре иттилоъ гирифтем, то 15 декабри соли 2014  аз тарафи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 220 роҳхати шикорӣ ба шикорчиён дода шудааст, ки маблағи он 22 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин рақам танҳо аз ҳисоби роҳхатҳои шикории Агентӣ мебошад, зеро дар ин баробар, роҳхати шикорро аз ҷониби Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҷагиҳои ҷангали вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ дастрас кардан мумкин аст. Агентӣ фақат барои ҳайвоноте, ки ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил нестанд, роҳхат медиҳад. Дар ин мавсим аз тарафи кормандони умури ҷангал 62 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои шикор ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи ҷаримаи онҳо 14565 сомониро ташкил медиҳад. Сардори Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ низ вуҷуд доштани шикори ғайриқонунӣ ва ё худсаронаро тасдиқ карда, изҳор дошт, ки ба хотири пешгирӣ намудани шикори ғайриқонунӣ дар парваришгоҳи «Искандаркӯл», дар ҳудуди деҳаи Нарвад бунгоҳи муваққатӣ бунёд ва навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуд. Мавсуф иброз дошт, ки соли гузашта ҳодисаҳои шикори ғайриқонунӣ дар ҳудуди Искандаркӯл ба қайд гирифта шуда буд, аммо имсол кӯшиш карда мешавад, то чунин ҳодисаҳо рух надиҳанд.

Тавре Ғиёсиддин Ятимов иттилоъ дод, бо гирифтани роҳхат шикорчиён зери назорати кормандони хоҷагии ҷангал қарор мегиранд. Ҳангоми ба ҳудуди шикоргоҳ ворид шудан шикорчӣ ба қайд гирифта мешавад ва баъди бозгашт аз шикор ҳама чизеро, ки дар ҷангал дидаву мушоҳида намудааст, ба корманди хоҷагии ҷангал ҳисобот медиҳад.

Зимнан бояд гуфт, ки Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикор танҳо ба ҳайвоноту парандагони дар «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохилнабуда, аз қабили хуки ваҳшӣ, гург, бузи кӯҳӣ, заргӯш, кабку мурғобӣ, ғоз роҳхат медиҳад. Дар мамнуъгоҳҳо шикор қатъиян манъ буда, дар парваришгоҳҳо ва паркҳои табиӣ  минтақаҳои махсус барои шикор вуҷуд дорад.

Сарфи назар аз омодагии хоҷагиҳои ҷангал ба зимистонгузаронӣ кумак намудани  ҳар нафар ба ҳайвоноту парандагон дар фасли сармо амалест басо савоб ва оқилона, зеро ҷангал бо ҳайвоноту наботот ва парандагонаш боигарии давлат буда, инсон ба он ниёз дорад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»