Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ тибқи нақша иншооти гуногун марҳила ба марҳила бунёд ёфта, мавриди истифода қарор гирифта истодаанд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Дараи деҳоти «Роҳатӣ» аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва тавассути ҳашар бо харҷи беш аз 120 ҳазор сомонӣ ду пул сохта ба истифода дода шуд.
Дарозии пулҳо 12 ва паҳноияшон се метрро ташкил дода, иқтидори борбардориашон 15 тонна мебошад.
Дар деҳаи мазкур, ки аз дурдасттарин деҳаи деҳоти «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ маҳсуб меёбад, 1700 нафар истиқомат мекунанд.
Дар маҷмӯъ, ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳоти «Роҳатӣ» сохтмони 20 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар Маркази саломатӣ, ки дар маркази ҷамоати деҳот ҷойгир аст, дар арафаи анҷомёбист. Иншооти мазкур аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ сохта мешавад. Аз ҳоло ба марказ дастгоҳу таҷҳизоти муосир дастрас шудааст. Илова бар ин, беш аз ҳафт километр роҳҳои байни деҳаҳо таъмиру мумфарш шудааст. Сохтмони маркази хизматрасонӣ, ки аз сартарошхона ва нуқтаи шустушӯи нақлиёт иборат аст, идома дорад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»