Дар Хуҷанд ярмаркаи фурӯши ниҳол баргузор гардид

№ 01.03.2023

24 – 26-уми феврали соли 2023 дар майдони Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмаркаи фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо баргузор шуда, беш аз 1 миллион бех ниҳоли гуногун ва гулу буттаҳои ороишӣ пешниҳоди сокинон гардид.

Дар чорабинӣ, ки дар партави дастуру супориш ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, боғдорони шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка боздид намуда, зимни суханронӣ аз афзудани майдони боғу токзор, бахусус боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, зиёд гаштани ҳаҷми истеҳсоли мева дар вилоят таъкид кард.

Мавриди зикр аст, ки соли 2022-юм дар вилоят ба ҷои 230 гектари барномавӣ 889 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 659 гектар зиёд мебошад.

 Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»