Дар Кӯлоб ташхисгоҳи вирусологӣ ба фаъолият оғоз кард

№67 (4173) 06.06.2020

Ҳафтаи гузашта дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб ташхисгоҳи нави сайёри вирусологӣ ба фаъолият пардохт.  

Бино ба иттилои Даврон Ахмедов, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб, он ҷиҳати муайян кардани бемории сироятии коронавирус дар назди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунад.

- Мутахассисони ташхисгоҳ аз 26 майи соли ҷорӣ корро сар карда, то 30 май 630 намунаи ташхис гирифтанд, — гуфт ӯ. Онҳо гузаронидани таҳлилро дар курси омӯзиши «Пажӯҳишгоҳи илмии тадқиқотии профилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ва «Озмоишгоҳи санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз бар карданд. Феълан, дар ташхисгоҳ чор мутахассис шабонарӯзӣ фаъолият дошта, имкон мавҷуд аст, ки дар як шабонарӯз зиёда аз 150 таҳлил гузаронанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»