Дар Шаҳритуз метавон имтиҳони қабул супурд

№76(3377) 04.06.2015

Дар нуқтаи бақайдгирии 03/09 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шаҳритуз ҷойгир аст, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъракаи имсолаи бақайдгирии довталабон корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Ин нуқта бо мақсади осон кардани мушкилоти рафтуомади хатмкунандагон ва пешгирии хароҷоти зиёд дар ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистон барои довталабони имсолаи таълимгоҳҳои ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Носири Хусрав ва қисмати аз ноҳияи Ҷиликӯл таъсис дода шудааст.

Зимни суҳбат бо чанде аз хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ин ноҳияҳо маълум гардид, ки онҳо аз кору фаъолияти масъулини ин нуқта хурсанду қаноатманданд. Тавре роҳбари нуқтаи мазкур Тоҳир Ҳафизов ҳангоми суҳбат бо мо иброз намуд, дар нуқтаи бақайдгирӣ 2445 нафар довталаб бо мақсади имтиҳон супурда дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коллеҷҳо ба қайд гирифта шудаанд. Аз рӯи кластери якум 481 нафар, дуюм 254 нафар, сеюм 585 нафар, чорум 232 нафар, панҷум 923 нафар довталабон дар ин нуқта аз қайд гузаштаанд. Аз инҳо 921 нафарашон аз ноҳияи Шаҳритуз, 1141 нафарашон аз ноҳияи Қубодиён ва 314 нафарашон аз ноҳияи Носири Хусрав мебошанд. Ҳамчунин аз дигар ноҳияҳо — Ҷиликӯл, Бохтар, Фархор ва ғайра низ 74 нафар довталаб тариқи ин нуқта ҳуҷҷатҳои худро аз қайд гузаронидаанд. Дар байни литсею мактабҳои ноҳияи Шаҳритуз бошад, ҷойи аввалро Литсеи хонандагони болаёқат соҳиб аст. Аз литсеи мазкур воқеан ҳам шумораи довталабон хеле зиёд аст. Баробари хатмкунандагони имсолаи ин литсей инчунин чанде аз хатмкардаҳои солҳои пешин низ ба гурӯҳи довталабон шомил шудаанд. Аз ин рӯ, таносуби ҳуҷҷатсупурдаҳо аз 100 фоиз ҳам боло рафтааст.

Ҳамчунин толибилмони Литсеи давлатии №1, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 7, 10, 11, 21, 28, 44 ва 45 низ аз ҷумлаи пешсафон маҳсуб меёбанд. Аз дабистонҳои номбаршуда аз 75 то 85 фоизи хатмкунандагон тариқи ин нуқта ҳуҷҷат супорида аз қайд гузаштаанд.

Соли дуюм аст, ки имтиҳоноти қабули довталабони муассисаҳои таълимии кишвар тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ин усули пешқадами ҳозиразамон имкон фароҳам меорад, ки шогирдони босаводу доништалаб бе монеаю ташвиши изофа ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил шаванд. Бо мақсади пурра воқиф гардонидани довталабону устодон ва волидайн аз тағйироту дигаргуниҳои имсола аз ҷониби масъулини Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуқтаҳои бақайдгирии дар маҳалҳо воқеъгардида корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ ба роҳ монда шудаанд. Тибқи тағйиротҳои воридгардида агар довталабон дар соли 2014 ҳуқуқи интихоби даҳ ихтисосро дошта бошанд, имсол миқдори он ба 12 адад расидааст. Маҷмӯи ихтисосҳо бошад, 500 ададро дар бар мегирад. Довталабон соли ҷорӣ имкон пайдо карданд, ки баробари муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, инчунин ба филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россия ва ҳашт коллеҷи омӯзгорию тиббии шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанд низ ҳуҷҷат супоранд.

Бо мақсади рафъи мушкилоти толибилмон дар ноҳияи Шаҳритуз ҳамчунин ду маркази имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ таъсис дода шудааст. Онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ва № 4 ҷойгиранд. Барои дар ин марказҳо фаъолият намудан дар давраи имтиҳонҳои қабул зиёда аз 80 нафар омӯзгорони беҳтарин тариқи озмун қабул ва ҳамчун корманди муваққатӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Давлат Султонов, «Садои мардум»