Дарси шуҷоат ва матонат

№136-137(4719-4720) 15.11.2023

Дарси шучоатДепутати Шӯрои Олии Тоҷикис­тон  ­даъвати ХII (солҳои 1990 -1995), узви Шӯрои ҷумҳуриҳои Шӯрои Олии ИҶШС даъвати I (солҳои 1991- 1992), вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­даъвати I (солҳои 1995-2000), иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мус­таъфии амният Раҳмонқул Атоев аз зумраи нафаронест, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият дар сафарҳои гуногун Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ намудааст. Яке аз онҳо нахустин сафари расмии муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд. Р.Атоев ин сафари Пешвои миллатро дарси шуҷоат ва матонат мешуморад.

- Душвориҳо ва дарду алами мардум дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳама маълум аст, — изҳор дошт Р. Атоев.  — Бисёр ҳамдиёрони мо барои наҷоти ҷони хеш тарки манзил намуда, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, фирор карданд. Хатари пошхӯрии мамлакат вуҷуд дошт, вале баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва дар он Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат, марди якрӯю дилсӯзи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили мардуми ҷангзада оташи умедро фурӯзон намуд.

«Ман ба шумо сулҳ меорам!» Ин сухани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосия оғози фаъолияти ин марди накуном дар роҳи пуршебу фароз ва пур аз хатари истиқрори сулҳ ва сулҳу ваҳдат гардид. Имрӯз ҳамчун афсари мустаъфии амният пеши ҷасорату матонати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари таъзим фуруд меорам.

Бале, барои афсаре, ки ҳаёти хешро ба хизмати Ватан бахшидааст, чунин сухан гуфтан шояд ғайримуқаррарӣ бошад, вале ҷасорату матонати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан борҳо маро ба ҳайрат оварда, ба маънои том шоёни таҳсину офаринҳост.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ зиёда аз 1344 км сарҳади кишвари соҳиб­истиқлолгаштаи мо бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қариб, ки бесоҳиб монд. Соли 1992 дар ин кишвар Наҷибулло барканор шуда, муҷоҳидин сари қуд­рат омаданд. Сарҳадшиканӣ ба хотири қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир афзуд. Қочоқчиён бар ивази аслиҳа ва маводи мухаддир аз кишвари мо маҳсулоти хӯрок­ворӣ, сӯзишворӣ ва сохтмону саноатиро ба Афғонистон мебурданд. Он айём сарҳади моро асосан марзбонони Федератсияи Россия ҳифз менамуданд.

Баробари фирориёни иҷборӣ гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин низ дар Афғонистон паноҳ бурда, бо дастгирии Ҳизби исломии Афғонистон ва ҳаракатҳои дигари сиёсии ин кишвар зиёда аз 20 лагери ҳарбӣ ташкил намуданд. Чунин вазъ Сарвари дурандеши моро ором гузошта наметавонист. Муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон борҳо ҷиҳати пешгирии иғвою дасиса ба роҳбарияти ИДМ, пеш аз ҳама, ба Федератсияи Россия муроҷиат намуданд. Моҳи майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд мулоқоти сарони давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар доираи он вобаста ба таъмини амнияти кишварҳои аъзои ИДМ созишномаҳо ба имзо расиданд, ки тибқи он кишварҳои аъзои ИДМ бояд ҷиҳати ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамаҷониба кумак мекарданд, вале вазъи иқтисодию сиёсии кишварҳо имкон намедод, ки ба таври зарурӣ кумак расонанд. Биноан, зимни задухӯрдҳо бо гурӯҳҳои мусаллаҳ сарҳадбонони зиёд кушта ва захмӣ гардиданд. Хавфи ҷанги нав бо иштироки Федератсияи Россия ба вуҷуд омад. 10-уми августи соли 1993 дар шаҳри Душанбе вазири умури хориҷии Афғонистон Ҳидоят Амин Арсало аз номи ҳукумати мамлакаташ талаб намуд, ки сарҳадбонони рус аз қаламрави Тоҷикистон бароварда шаванд.

Ин мулоқот дар рӯзҳое ба вуқӯъ пайваст, ки дар ноҳияи Дарвоз чор сарҳадбони рус ва як қазоқ аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи афғон гаравгон гирифта шуданд.

Пеш аз бозгашт ба ватанаш вазири умури хориҷии Афғонис­тон Ҳ. А. Арсало аз Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хост бо сафари расмӣ ба Афғонистон ташриф оранд. Он рӯзҳо дар Кобул ҷанг идома дошт, вале Ҷаноби Олӣ бидуни дудилагӣ охирҳои моҳи август бо ҳайати бонуфуз ба ин шаҳр сафар намуданд. Ба ин ҳайат ман, мушовири давлатӣ оид ба сиёсати байналмилалӣ ва хориҷӣ К. Юлдошев, вазири бехатарии ҷумҳурӣ С. Зуҳуров, вазири корҳои хориҷӣ Р. Олимов, мушовири давлатӣ, С.Мирзошоев, мудири шуъбаи коргузории Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Р. Мирзоев ҳамчунин, муҳофизон, хабарнигорони радио ва телевизиони ҷумҳурӣ шомил будем.

Ҳавопайморо шодравон М. Мастонгулов идора менамуд. Ба фазои ҳавоии шаҳри Кобул расидем. Ҳама орому осуда менишастанд. Ман аз тирезаи ҳавопаймо мушоҳида намудам, ки чанд маротиба аз болои теппае мегузаштем, ки дар он силоҳи зиддиҳавоӣ гузошта шуда буд. Пас аз лаҳзае боз он теппа намудор гашт. Фаҳмидан душвор набуд, ки ҳавопаймои мо дар атрофи фурудгоҳи Кобул давр мезанад. Ғайриихтиёр ҷониби Пешвои миллат нигоҳ кардам. Ботамкину ором нишаста буданд. Ҳамин лаҳза яке аз сарнишинони ҳавопаймо ба Ҷаноби Олӣ наздик шуда, вазъиятро фаҳмонд. Интизор будам, ки ба таҳлука афтода, шояд фармон диҳанд, ки бозпас гардем, зеро ҳар гуна иттифоқ рух доданаш мумкин буд, вале дар ваҷоҳати Пешвои миллат дигаргуние ба вуҷуд наомад…

Ҳавопаймо боз чанд маротиба болои он теппа чарх зад. Ногоҳ худи М.Мастонгулов аз кабина берун омад. Хеле нороҳат ба назар мерасид. Ӯ ба ҳама фаҳмонд, ки дар хати фурудоии майдони ҳавоии Кобул чанд танк ва зиреҳпӯш гузошта шудааст ва имкони нишастани ҳавопаймо вуҷуд надорад…

Ин лаҳза бори дигар ҷасорату нотарсии Пешвои миллат маро ба ҳайрат овард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромона гуфтанд: «…Бигзор донанд, ки ман пас намегардам. Мебинем кӣ дар қавлаш устувортар!».

Дигар аъзои ҳайати расмиро тарсу таҳлука фаро гирифт. «Парвардигори якто, моро дар паноҳат нигоҳ дор!» гуфтам ман…

Баъд аз 11 маротиба дар атрофи фурудгоҳ чарх задан, ҳавопаймо суръати парвозро суст намуда, поён омад. Майдони ҳавоиро аз танку зиреҳпӯшҳо тоза кардаанду бо қатраҳои охирини маводи сӯхт тайёра ба замин нишаст. Ҷаноби Олӣ муҳтарам­ ­Эмомалӣ Раҳмон қаноатмандона табассум карданд…

Моро Президенти Афғонис­тон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии Афғонистон, вазири дифоъ Аҳмадшоҳи Масъуд хуш пазироӣ намуданд. Гуфтушунид тӯлонӣ буд. Дар баъзеи онҳо С.Мирзошоев, С.Зуҳуров ва Р. Олимов низ ширкат намуданд.

Субҳи сеюми сафар табъи Пешвои миллат нисбат ба ду рӯзи аввал хеле болидатар буд. Моро ба толори васеъ ва зебои қасри президент даъват намуданд. Муҳтарам Бурҳониддин Раббонӣ дар ҳузури намояндагони Ҳукумати Афғонистон ва воситаҳои ахбори омма бо камоли эҳтирому самимият панҷ марзбони гаравгонгирифташударо ба Пешвои миллат супориданд. Ҳаяҷону хурсандии мо — аъзои ҳайати расмиро ҳадду канор набуд.

Муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои таъмини амнияти марзбонон маро муваззаф намуданд, гарчанд устод Бурҳониддин Раб­бонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда буданд. Дар роҳ, зимни ҷониби майдони ҳавоӣ омадан баъзе ҳодисаҳо рух доданд, хушбахтона ҳайат сиҳату саломат ба тайёра расиданд. Моро ҳамчун бародар ва дӯст гусел намуданд.

Дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марзбононро ба намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон супурданд.

Ин яке аз дастовардҳои арзандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба беҳтар гардидани робитаи мамлакати мо бо Федератсияи Россия мусоидат намуд. Ин сафар устуворӣ, шуҷоат ва матонати Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафро бо ­маъраз гузошт.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»