Маслиҳати мутахассис

Дарунравӣ барои кӯдакон хатарнок аст

№92 (3393) 08.07.2015

MДарунравӣ (диарея) дар марҳилаи ҳозира байни дигар бемориҳои кӯдакона зиёдтар ба мушоҳида расида, яке аз сабабҳое мебошад, ки боиси фавти кӯдакон ва навзодон мешавад. Ин беморӣ  барои бахши тандурустии бисёре аз мамалакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, мушкилоти ҷиддӣ маҳсуб меёбад.

Мувофиқи нишондодҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  (ТУТ) ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 1,5 миллион кӯдаки синнашон то 5 — сола аз дарунравӣ талаф меёбанд. Дар Тоҷикистон бошад, ин беморӣ ҳар сол ҳаёти тақрибан 1500 кӯдакро аз байн мебарад. Сабаби асосии дарунравӣ микробҳое мебошанд, ки дар наҷосат ҷойгир шуда, ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Бо фаро расидани гармӣ шумораи бемориҳои дарунрав якбора зиёд мегардад, чунки  микробҳои касалиовар дар гармӣ зуд афзоиш меёбанд.

Ин омил дар ҷойҳое бештар ба назар мерасад, ки партовҳо сари вақт тоза карда намешаванд, қоидаҳои беҳдоштӣ ва вогирӣ бояду шояд риоя намегарданд. Ба ғайр аз ин, ба дарунравӣ зиёдтар кӯдаконе дучор мешаванд, ки ба ҷойи шири модар ҳар гуна ғизоҳои сунъӣ истеъмол менамоянд. Синамаконӣ имконият медиҳад, ки кӯдакон камтар ба дарунравӣ дучор гарданд. Шири модар манбаи беҳтарини ғизо барои кӯдакони мубталои дарунравӣ мебошад, зеро таркиби он серғизо буда, барои баланд бардоштани дараҷаи сироятнопазирии кӯдак ёрӣ мерасонад. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Шири модар шираи ҷони ман аст,

Аз тамоми дард дармони ман аст.

Риоя намудани тозагӣ кӯдакро аз дарунравӣ эҳтиёт менамояд. Манбаи дигари сироятёбии кӯдакон наздикӣ бо беморони сироятёфта мебошад, ки дар вақти беморӣ тавассути қайкунӣ ва наҷосат микробҳои зиёдро хориҷ менамояд. Дар ин росто, бисёре аз кӯдакон баъди нӯшидани оби ноҷӯшида низ сироят меёбанд. Дар баъзе ҳолатҳо истеъмол намудани меваю сабзавоти ношуста низ метавонад сабабгори пайдо шудани дарунравӣ гардад. Зиёдтар кӯдаконе мубталои бемории дарунрав мегарданд, ки шири сунъӣ истеъмол менамоянд. Чунки  шишачаҳо ва пистонакҳое (соска), ки тавассути онҳо ба кӯдак ғизо медиҳанд, пурра безарар гардонида намешаванд. Барои пешгирии дарунравӣ уребчаҳои (подгузник) кӯдакро сари вақт иваз намудан лозим аст. Баъди қазои ҳоҷат, пеш аз таом ва баъди маконидани кӯдак дастонро ҳатман бо собун шустан даркор аст. Танҳо оби ҷӯшонидашударо бояд истифода бурда, меваҳоро шуста ё пӯсташро гирифта, баъд истеъмол  намудан лозим аст. Аломатҳои асосии дарунравӣ ин дар як рӯз се маротиба ё аз ин бештар зоҳир шудани наҷосати обакӣ мебошад. Баъзан беморӣ аз қайкунӣ оғоз меёбад. Қайкунӣ низ 2-3 маротиба ё пай дар пай такрор меёбад. Зуҳуроти дигари беморӣ бетоқатӣ, ҳарорати баланд, ташнагии сахт, хушкшавии луобпардаҳои даҳон, чуқур даромадани чашмҳо ба косахонаи сар, хушкии пӯсти бадан ва кам шудани пешоби кӯдак мебошанд. Волидайн бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳар қадар ҳарорати кӯдак баланд шавад, дарунравӣ ва қайкунӣ бештар бошад,  ҳамон қадар беморӣ вазнинтар мегузарад. Ба кӯдаки мубталои ин беморӣ то рафъ шудани дарунравӣ ҳар чӣ бештар моеъ нӯшонидан лозим  мешавад. Ин омил имконият медиҳад, ки миқдори талафёфтаи оби организми кӯдак барқарор гардад. Модарон бояд дар ин маврид синамаконии кӯдакро сарфи назар аз давом ёфтани дарунравӣ идома диҳанд. Ҳамчунин бояд аз ҳарвақта бештар ба кӯдак сина дода, маҳлули намакдори регидронро истифода намоянд.

Ҳангоми дастрас набудани регидрон, камобшавии организми кӯдакро бо истифодаи як литр оби ҷӯшонидашудаи ширгарм, ки таркибаш чор қошуқчаи майда шакар ва ним қошукчаи майда намаки ошӣ дорад, пешгирӣ намудан имконпазир аст.

Ҳангоми тайёр намудани ин маҳлул таркиби онро дуруст ҳисоб намудан лозим аст, зеро истифодаи шакари зиёд шиддати дарунравиро зиёд мегардонад. Намаки зиёд бошад, барои кӯдак зарарнок аст.

Инчунин барои обиштарӣ (регидрататсия) истифода бурдани биринҷоба, оби ҷӯшонидашуда, зардолуоб, шарбати меваи тару тоза, оби мавиз, ҷурғот тавсия дода мешавад.

Кӯдаконе, ки омехтаҳои шири мутобиқшударо истеъмол менамоянд, бояд ҳар дафъа баъди дарунравӣ таври иловагӣ  дар синни то дусолагӣ аз чоряк то ним косаи калон ва аз дусолагӣ калонтар аз ним то як косаи калон моеъ истеъмол намоянд. Дар хотир доред, ки ба кӯдак ҳангоми дарунравӣ додани  дорувории зиддиилтиҳобӣ (антибиотикҳо) ва дигар доруҳое, ки духтурон таъин накардаанд, мумкин нест.

Н. ИСЛОМОВ, духтури Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе