Дар партави Паёми Пешвои миллат

Дастовардҳо қобили таваҷҷуҳанд

№23 (3503) 20.02.2016

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли 2016) аз ҷумла омадааст: «Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон, умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд».

Бо дарназардошти гузариши илм ба самти рушди инноватсионӣ ва бо мақсади иҷрои «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2011- 2020», Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011 — 2015» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди сохториву идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки он ба ривоҷу равнақи корҳои инноватсионӣ, истифодаи технологияҳои нав дар илму истеҳсолот равона гардидааст, 7 феврали соли 2011 Муассисаи давлатии илмии «Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббӣ» — и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Фаъолияти илмӣ — тадқиқотии марказ аз рӯи ду мавзӯъ — «Меъёрҳои биотехнологии инноватсионие, ки хусусиятҳои системаҳои зиндаро муайян мекунанд» ва «Бехатарии биологӣ — равандҳои инноватсионии омӯзиши хусусиятҳои системаҳои зинда» ҷараён дорад. Директор ва роҳбари мавзӯъҳои илмии марказ академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиба Яқубова ҳамроҳ бо кормандони марказ оид ба мавзӯъҳои зикршуда, тадқиқот анҷом медиҳанд.

-  Мавзӯъҳои илмии мо ба мақсад ва вазифаҳои «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2011- 2020», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011 — 2015», «Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2020», «Барномаи  амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2009 — 2015» ва «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2019» мувофиқ аст, — мегӯяд муовини директори  маркази мазкур оид ба корҳои илмӣ ва таълим Шавкат  Саидмуродов ва суҳбатро идома медиҳад:

- Омӯзиши таъсири шароити гуногуни иқлим, аз ҷумла баландӣ аз сатҳи баҳр, шарт ва шароити гуногуни нуриандозӣ (нурии органикӣ, нурии  минералӣ) ба ҳосилнокӣ, тезпазӣ, устуворӣ ба  касалиҳо ва хамшавӣ дар навъи гуногуни  гандуми мулоимдона ва сахтдона, ҳамчунин  таҳқиқи хусусиятҳои сабзишу инкишофи навъи гуногуни гандум дар заминҳои лалмӣ ва обёришаванда самти муҳими тадқиқоти  илмии кормандон мебошад. Дар чорчӯбаи мавзӯи мазкур, ҳамчунин корҳои  селексионӣ дар намудҳои  гандуми мулоимдона ва офаридани навъҳои тезпаз, миёнапаз, серҳосил, тобовар ба  касалиҳо анҷом дода шуданд.

Вобаста ба самтҳои зикршуда дар фасли баҳору аввали тобистони соли гузашта дар қитъаҳои замини таҷрибавии марказ — Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон, пойгоҳи Сиёҳкӯҳ (дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр — Анзоб) ва заминҳои  лалмию обёришавандаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор, дар 18 навъ гандуми мулоимдона ҳашт намуди таҷриба бо тарзи гуногуни  нуриандозӣ (поруи гов ва гӯсфанд, нурии минералӣ — биокомпост) вобаста ба  минтақа ва омилҳои гуногуни муҳити зист тадқиқоти саҳроӣ гузаронида шуд.

Тадқиқот оид ба санҷиши устуворӣ ба касалии занги зард нишон дод, ки навъҳои «Ормон», «Сомонӣ» ва «Безостая» ба ин касалӣ нисбат ба дигар навъҳои  омӯхташаванда устувортар ва кам осеб диданд. Дараҷаи осебёбии онҳо аз ин касалӣ ба 20 фоиз расид. Қаторҳои изогении «АНК — 17А» (ИЦ ва ГШС АИ Русия) ва навъҳои  маҳаллии «Сурхаки Бадахшон», «Сафедаки Бадахшон», «Сабзаки Файзобод» ва «Шухак» зиёдтар аз касалии занги зард зарар диданд ва дараҷаи осебёбии онҳо ба 40 — 80 фоиз баробар шуд.

Натиҷаҳо оид ба тағйирёбии давраҳои инкишофи намудҳои гандум дар қитъаҳои замини таҷрибавии марказ (Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон — баландӣ аз сатҳи баҳр — 800 метр) нишон дод, ки дар кишти баҳорӣ  қатори «АНК — 17В» давраи хӯшабандиаш  нисбат ба дигар намуди  гандумҳои таҳқиқшаванда пештар (8-12 май) аст.  Дар заминҳои таҷрибавие, ки ба онҳо  биокомпост, поруи гӯсфанд, поруи гов, нурии минералӣ андохта шуда буд, давраи хӯшабандӣ нисбат ба варианти беозуқа се — чор рӯз тезтар оғоз шуда, давраи нашъунамо 87 — 89 рӯз давом ёфт. Дар заминҳои беозуқа нашъунамо 91 рӯз идома ёфт. Дар ҳама навъи омӯхташуда маълум гардид, ки вариантҳои биокомпост, поруи  гӯсфанд, поруи гов, NPK, биокомпост + NPK, поруи гов + NPK, поруи гӯсфанд + NPK назар ба варианти беозуқа се — чор рӯз тезтар пухта расиданд.

Дар доираи ҳамкорӣ бо хоҷагии деҳқонии ба номи Ғ. Мирзо ва хоҷагии деҳқонии ба номи «Худойқул» — и Ҷамоати деҳоти «Чортеппа» — и ноҳияи Рӯдакӣ тадқиқоти истеҳсолӣ оид ба омӯзиши шарту шароити нуриандозӣ бо истифода аз нурии  органикӣ — биокомпост гузаронида шуд ва босамарии он дар баланд бардоштани ҳосилнокии сир (чеснок) ва қулфинай (клубника)  мавриди санҷиш қарор гирифт. Баъди давраи аввали ҷамъоварии ин зироатҳо маълум гардид, ки дар натиҷаи нуриандозии компост ҳосилнокии қулфинай 24,7 фоиз ва ҳосилнокии сир 30, 5 фоиз назар ба дигар хоҷагиҳо, ки танҳо аз нурии минералӣ истифода бурданд, баландтар шуд.

Дар доираи мавзӯи «Бехатарии биологӣ — равандҳои инноватсионии омӯзиши хусусиятҳои системаҳои зинда» таҳқиқи растаниҳо ва маводи табиии шифобахш гузаронида шуд. Аз ҷумла рӯйхати гиёҳҳо барои тартиб додани омехтаҳо ва гузаронидани санҷиши кимиёвӣ ва фармакологӣ омода гардид. То ба имрӯз растаниҳои  шифобахш, мисли ширинбия, мушхор, чоқала, токи ёбоӣ, бурҷ, чойкаҳак, барги дарахти шафтолу, тахач, тутак, чӯбкаду, хуч, хори каррак, ҳамчунин растаниҳое, ки  хосияти мутобиқшавӣ доранд, амсоли эхинасия пурпурная, клементсия Семенова (зарбех, золотой корень), гинго билоба, кастона (каштан) ва дигар растаниҳо мавриди таҳқиқи олимони маркази мазкур қарор гирифтанд.

Дар доираи ҳамкорӣ бо Институти гастроэнтерологияи АИ тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳқиқоти муштарак оид ба санҷиши хусусиятҳои фармакологии маводи доругие, ки аз  гиёҳҳои шифобахш омода гардидаанд, дар объектҳои озмоишӣ — муш ва калламушҳо гузаронида шуд. Ба таҳқиқи гиёҳҳои шифобахше, ки хусусияти баланд кардани масунияти одамро доранд ва барои табобати бемориҳо, аз қабили табобати ҷигар, талхадон, диабети қанд, ҳамчунин пешгирии фарбеҳшавӣ ва бемориҳои дигар истифода мешаванд, аҳамияти махсус медиҳем. Омехтаҳое, ки омода мекунем,  ҳамчун иловаҳои фаъоли биологӣ истифода мешаванд. Сараввал омехтаҳои  омодакардаро мо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоем ва баъди  гирифтани иҷозатнома ва ҳуқуқи муаллифӣ маводи фаъоли биологиро барои табобати беморон тавсия медиҳем.

- Шунидам, ки олимони  марказ дар ҳамкорӣ бо олимони Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон маводи  просинкро барои табобати  гепатити  музмини  вирусӣ ва сиррози ҷигар коркард  намудаанд, оё ин ҳақиқат дорад? — пурсидам аз  ҳамсуҳбатам.

- Бале, дуруст аст, — изҳор дошт Шавкат Саидмуродов ва иҷозат хоста, дақиқае берун рафту ҳамроҳ бо як нафар баргашт. Шахси рӯ ба рӯятон иҷрокунандаи вазифаи мудири  озмоишгоҳи биологияи тиббӣ ва биотехнологияи маводи доруворӣ, номзади илмҳои химия Мансур Қурбонов — яке аз  муаллифони просинк мебошанд. Сухан аз даҳони луқмон хуш аст,  гуфтаанд. Хубтар мешавад, агар муаллиф маводи мазкурро худашон шарҳ диҳанд.

- Шумо, ба андешаи ман, чӣ будани прополисро медонед. Ин як навъи ҳосилест, ки занбӯри асал аз гулу гиёҳҳо ҷамъ меорад, — ба сухан оғоз кард Мансур Қурбонов ва идома дод:

- Мо ҷавҳари  прополисро хушк карда, дар намуди хока бо миқдори муайяни элементи руҳ (синк) омехта сохтем. Руҳ барои мубодилаи  ферментҳои организми инсон зарур мебошад. Тадқиқот муайян кард, ки омехтаи мазкур барои табобати бемориҳои гепатит, сирози ҷигар хеле самарабахш аст.  Аз ин ҳар ду — прополис ва синк просинк ҳосил кардем, ки ҳамчун иловаи  фаъоли биологӣ дар шакли капсула барои табобати бемориҳои зикршуда истифода мешавад.

Мо ихтирои хешро ба Маркази миллии патенту иттилоот фиристодем ва соҳиби  нахустпатенти №661 шудем. Ин шаҳодати он аст, ки маводи омодашуда моли Тоҷикистон  мебошад ва дар ҷойи дигар ихтироъ нашудааст.

Ҳамин тариқ, дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббӣ» — и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пайванди илм ба истеҳсолот ва дар ин замина  ноил шудан ба дастовардҳои нодири илм корҳо ҷараён дорад ва ин ҳиссаи муносиби олимон дар татбиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»