Деваштич зиёда аз 100 нафар ҷавонон ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафтанд (сурат дорад)

№ 03.04.2024

Деваштич2-юми апрели соли 2024  дар  майдони «Парчами давлатӣ»-и ноҳияи Деваштич маросими   гусели  нахустин гурӯҳи даъватшавандагон  ба хизмати Модар — Ватан  баргузор шуд.

Дар ин рӯз беш аз 100 нафар ҷавонони ихтиёрӣ Парчам ва шиорҳои ватандӯстона дар даст, зери садои мусиқӣ ба майдон ворид шуда,  саф оростанд.

Таъкид шуд, ки садҳо  нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳия муроҷиат намуда, омодагиашонро барои хидмати   Ватан  изҳор медоранд ва даъватшавандагони имрӯза  аз ҷумлаи чунин ихтиёриёни ватандӯст мебошанд.

Комрони АСЛОН,

«Садои мардум»