Дар арзҳои дӯстӣ

Диёри домани гардун

№76(3377) 04.06.2015

Ноҳияе, ки намунаи барҷастаи ҳамзистии осоиштаи халқҳост

Ҷиргатол. Ҳар гоҳ, ки вориди ин шаҳраки дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалаккашида бунёдёфта мешавам, табъам аз дигаргуниҳои он болида мегардад. Имрӯз низ дар кӯчаи марказии шаҳрак қадам мезанам ва мебинам, ки дар як муҳлати кӯтоҳ  маҳз дар натиҷаи дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ симояшро дигар кардааст. Биноҳои зебо аз ду тарафи роҳ қомат афрохтаанд. Дар гӯшаи дигари шаҳрак сохтмончиён ба бунёди иморати нав  машғуланд. Мардуми зиёд назди биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ машғули тоза кардани ҷӯйбору кӯчаҳо ҳастанд.

-Зимистони дароз хуб истироҳат карданд,- мегӯяд роҳбалади ман, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Паёми Ҷиргатол» Акбаршоҳ Ризвонов.- Баҳор, ки омад, корро аз суннатҳои миллӣ оғоз мекунанд.

-Дасти одам гул, гуфтаанд, — мегӯям дар ҷавоби ӯ. -Ба ростӣ, шаҳраки Ҷиргатолро шинохта намешавад. Хеле пешравӣ шудааст. Худо кунад, ки аз ин ҳам зеботару ободтар шавад.

-Раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир марди меҳнатдӯсту сахтгир аст. Мехоҳад шабу рӯз дар ноҳия мардум меҳнат кунанд.

- Аз одам фақат ҳамин мемонад,- сухани ӯро бидуни ихтиёр мебурам. Худо барори кораш диҳад. Қонуни зиндагӣ ҳамин аст, роҳбар меояду меравад ва баъди рафтанаш мардум ӯро ёд мекунанд: ё ба хубӣ ё ба бадӣ.

- Раиси мо ҳам истеъдоди роҳбарӣ дораду ҳам ба соҳаҳои хоҷагии халқ хуб сарфаҳм меравад. Ин бурди роҳбар аст.

Ба тамошои шаҳрак машғул мешавем. Солҳои навадуми қарни пешин ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» пайи мактубе ба минтақаи Лахш рафта будам. Директори агрофирма Салоҳиддин Насриддинов барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ корҳоеро карда буд, ки боварии кас намеомад. Мактаби дуошёна барои 700 нафар хонанда, қасри фарҳанг барои 500 нафар тамошобин, 16 километр хатти оби нӯшокӣ, заводи хиштбарорӣ, заводи асфалтбарорӣ, мумфаршсозии тамоми роҳҳои дохили хоҷагӣ, дастгоҳҳои қолинбофӣ, рамаи гӯсфанду подаи қутос, шутур…

Ҳамаи инро медидаму тааҷҷуб мекардам. Даромади солонаи хоҷагӣ — як миллиону 350 ҳазор сӯм. Ин маблағ он айём пули калон буд.

- Салоҳиддин Насриддинов зинда бошад?- сукути ба миёномадаро халалдор мекунам.

- Салоҳиддини раиса мегӯӣ?  Зинда аст, аммо хеле беморӣ кашид. Ба тиҷорат машғул аст. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон зиндагӣ мекунад.

- Мавсуф барои мардум хизмати зиёд кард. Баъзе нотавонбинҳо комёбиҳои ӯро дида ҳасад бурданд. Зиёд навиштанд. Аз хоҷагиаш чизе мондааст?

- Қисме монду қисме тороҷ шуд.

- Салоҳиддин роҳбари кордон буд.

- Он солҳо картошкаи Ҷиргатол хеле шуҳрат дошт. Апаи Сайлӣ Раҳмонова ба унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сазовор шуд.

- Он солҳо ҳам шумораи шахсони ташаббускор, меҳнаткашу ҷонфидо кам набуд. Имрӯз мардум номи Маҳмадулло Неъматов, Маҳмадӣ Қаҳҳоров, Зиёратшоҳ Сафаров, Савлат Зулфиқаҳҳорова, Маҳмадшоҳ Абдусаторов, Саймухтор Шолангаров, Саймухтор Гулов, Саидбек Бердиев ва даҳҳо нафари дигарро бо некӣ ба забон меоранд. Ободкориҳои онҳоро ситоиш мекунанд.

Имрӯз Ҷиргатол аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар масоҳати 458 ҳазору 11 гектар доман паҳн кардааст. Маркази ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1795 метр ҷойгир аст. Аз шаҳри Душанбе то Ҷиргатол 286 километр мебошад. Солҳои пеш ин масофаро ронандагон дар 10-12 соат тай мекарданд. Шукри Истиқлолият, ки имрӯз мусофирон метавонанд давоми чор соат ба маркази мамлакат оянд.

Пеш аз Инқилоби Октябр Ҷиргатол бештар бо унвони амлокдории Қирғиз ёд мешуд, зеро сокинони ноҳияро бештар қирғизҳо ташкил медоданд. Оре, тӯли қарнҳои зиёд тоҷикону қирғизҳо дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд ва он қадар ба ҳамдигар омезиш ёфтаанд, ки дар байнашон бегонагӣ нест. Суннатҳои миллӣ низ омезиш ёфтаанд.

Муаллифи «Таърихи Ҳумоюн» Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулханӣ, ки охирҳои асри XIX ба саёҳати Раштон омада буд, дар ин боб менависад: «Аҳолии ин мамлакат ду фирқаанд: яке тоҷик дигаре узбак. Узбаки он баид аст аз маркази ҳукумати он ва онҳо ҳама аҳли хиргоҳ ва хайманишинанд ва молики галла ва мавошианд, зироат надоранд. Ба ҷониби шимоливу шарқии Қаротегин ба сари роҳи Фарғона мебошад. Ҷамъияти нуфуси онҳо ба таҳти кӯҳу дашт миқдори сӣ ҳазор хонаводаанд. Қабилаи онҳо маъруфу машҳур аст ба қарақирғиз.        Ба онҳо ду нафар элбегӣ ва раиси қабила аст аз тарафи ҳокими вилояти Қаротегин».

Мувофиқи барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 аҳолии ноҳия ба 62123 нафар расидааст: қирғизҳо — 38949 нафар, тоҷикҳо — 23047 нафар. Намояндаҳои дигар миллатҳо низ ин ҷо сукунат доранд. Ин ду миллати ба ҳам дӯст барои ободии Ватани худ паҳлуи ҳам софдилона заҳмат мекашанд.

Соли 2014 дар ҳудуди ноҳия анқариб 500 оилаи нав бунёд гардидааст, ки 100 оила аз ҳисоби ҷавонони ду миллат ташкил ёфтаанд. Дар деҳаи Ҷилондии деҳоти «Сурхоб» оилаи Хоркашовҳоро ҳамчун оилаи намунавӣ хурду бузург ҳурмату эҳтиром мекунанд. Сарвари оила шодравон Ғафури қирғиз аз ҷумлаи он омӯзгороне буд, ки ҳам бо забони қирғизӣ ва ҳам тоҷикӣ аз фанни география ба насли наврас 40 сол дарс гуфтааст. Ӯ соҳиби нуҳ фарзанд — панҷ писару чор духтар аст. Чор фарзандаш — Зикриё, Саттор, Гулдаста ва Гулбаҳор пайи касби падар рафта, омӯзгориро пешаи асосии худ интихоб намудаанд. Ҳамсарони ду писари калонии акаи Ғафур тоҷикдухтар, писари сеюмаш Абдусалом қирғиздухтар, шавҳари Гулчеҳра тоҷикписар ва шавҳари Гулдаста ҷавони қирғиз мебошад. Дар оилаи Абдусатторовҳо, аз деҳаи Қарчини ноҳия, панҷ бародару чор хоҳар зиндагӣ мекунанд. Падари онҳо тоҷик ва модарашон қирғиз мебошад. Се бародар бо қирғиздухтар, ду хоҳар бо ҷавонони тоҷик ва ду хоҳари дигар бо ҷавонони қирғиз оила барпо кардаанд.

Оилаҳое, ки меваи дӯстии ин ду миллати бародар мебошанд, дар ноҳия хеле бисёранд, аммо дар деҳаи Майдонтерак оилаҳое ҳаёт ба сар мебаранд, ки аз сурат ва гуфторашон муайян намудани миллати онҳо душвор аст. Бо ҳар ду забон озодона ҳарф мезананд.

Зиндагии дӯстонаи сокинони Ҷиргатол аз он шаҳодат медиҳад, ки барои онҳо қадру қимати инсон, сарфи назар аз он ки ӯ намояндаи кадом  халқу миллат мебошад, аз ҳама авлотар аст.

Шахсе, ки ба ноҳияи Ҷиргатол меҳмон мешавад, дарёдиливу меҳмоннавозии ин оилаҳои саодатмандро дида, хурсанд мешавад. Сокинони деҳаҳо он қадар одӣ ва хоксоранд, ки меҳмон баъди чанд соат дар ҳузури эшон будан бегонагии худро фаромӯш мекунад.

Ҷиргатол ҳамчун ноҳияи наздисарҳадӣ рамз ва намунаи барҷастаи ҳамзистии осоиштаи халқҳост. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии ноҳияи Ҷиргатоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чон-Олойи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис дода шуд. Ба ҳайати комиссия аз ҳар ду ҷониб 20 нафар корманди масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои ҳифзи сарҳад, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ шомил гардидаанд.

Тибқи низомнома, роҳбарии фаъолияти ин комиссияро ҳамраисон дар шахси яке аз муовинони раиси ноҳияҳо ба зимма доранд. Комиссия ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ҳар ду ноҳия, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ, фароҳам овардани муҳити озоди равуои шаҳрвандон ва молистеҳсолкунандагон дар ҳудудҳои наздисарҳадӣ корҳои зиёдро ба сомон мерасонад. Аз давраи таъсисёбӣ аъзои Комиссияи мазкур чанд бор аст, ки ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд ва дар ҳалли мушкилот кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия пешравиҳои назаррас дида мешавад. Боварии онҳо ба оянда хоса, баъди сафарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия, ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат бештар шуд.  Танҳо дар соли 2014 дар ноҳия 127 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст. Маблағгузории иншооти зикргардида аслан аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳмгузории аҳолии маҳал сурат гирифт. Тавассути чунин маблағҳо варзишгоҳи марказии ноҳия барои 5200 ҷои нишаст, бинои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мавзеи Чоргул барои 640 нафар хонанда сари вақт сохта, ба истифода дода шуданд.

Сокинони ноҳияи Ҷиргатол аслан ба кишоварзӣ машғуланд. Соли 2015 масоҳати заминҳои кишоварзии ноҳия ба 9958 гектар расонида шуд. Дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардид, қисми зиёди сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Дар ин росто, соҳаи санъат низ дар ноҳия хеле рушд ёфтааст. Кормандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳангоми тартиб додани барномаҳо ҳунармандони ҳар ду миллати бародарро ҷалб менамоянд.

Дар суҳбат сокинони ноҳияи Ҷиргатол ҳар лаҳза шукронаи тинҷию амонии кишварро мекунанд. Онҳо шукрона мекунанд, ки чунин Ватани зебову шукуфо ва Сарвари оқилу доно, дурандешу ботадбир, ғамхору меҳрубон доранд. Шукрона мекунанд, ки дӯстии воқеӣ ва самимӣ байни намояндагони халқу миллатҳои сокини ноҳия побарҷост. Бо эҳтиром номи Роҳбари давлатро ба забон меоранд ва мисли тамоми мардуми мамлакати худ ӯро дӯст медоранд. Аз сиёсати пешгирифтаи ӯ розӣ ҳастанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд, дар татбиқи сиёсати созандаи Сарвари давлат софдилона хастагиро ҳис накарда, заҳмат мекашанд. Барои ободии Тоҷикистон меҳнат мекунанд ва намегузоранд, ки ҳасудону бадхоҳони миллат, бегонапарастони кинадору беҳиммат ба решаи дарахти сарсабзи Истиқлолият, ки барои ояндагон бо заҳмати зиёд парвариш намудаанд, табар зананду ваҳдату ягонагиро аз байн бубаранд.

Диловари МИРЗО,«Садои мардум»