Масъалаи доғи рӯз

Доми фиреб

№69 (3370) 18.05.2015

ё худ чӣ тавр ҷавонони гумроҳро маъшуқаҳои интернетӣ ба гирдоби бало гирифтор мекунанд

Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир аз масъалаҳои доғи рӯз ва нигаронкунанда ба шумор меравад. Ин хатари даҳшатзову марговар мардуми сулҳхоҳи дунёро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, ҳамарӯза дар як қатор кишварҳои дунё, ки дар онҳо ноамнӣ ҳукмрон аст, бар асари таркишу содир кардани амалҳои террористӣ садҳо нафар аз аҳолии осоишта ҷони худро аз даст медиҳанд ва ё захмиву маъюб мегарданд.

Бинобар сабаби сатҳи пасти донишу маърифат,  сустии таълиму тарбия ва беназоратии волидон дар оила бархе аз ҷавонон таҳти таъсири андешаву ақидаҳои гурӯҳҳои ифротгаро қарор гирифта, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

Дар давоми се соли охир садҳо аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ошкору муайян ва даҳҳо нафари дигар бо гуноҳи содир кардани ҷиноят дастгир шудаанд. Агар соли 2012 дар миқёси ҷумҳурӣ 33 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир шуда бошанд, пас солҳои 2013-2014 ва се моҳи аввали соли ҷорӣ 225 нафар барои содир намудани 549 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муайян ва боздошт гардидаанд.

Мутаассифона, вақтҳои охир баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, бо баҳонаи ҷиҳод кардану соҳиби сарвату мол гардидан рӯзгори осудаву ором, Ватани ободу зебо, волидайн ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, ба кишварҳои бегона рафта, дар шароити вазнину ғайриинсонӣ ва хорию зорӣ алайҳи дигарон меҷанганд.

Теъдоде аз онҳо аллакай кушта шудаанд. Боқимондаҳо, бинобар сабаби пойбанди хоҷагони манфиатҷӯй гардидан, раҳоӣ ёфта наметавонанд. Аксар ҷавононе, ки дар минтақаҳои ноороми кишварҳои хориҷ меҷанганд, маълумоти пурра ва саводи дуруст надошта, мавқеашонро дар ҷомеа гум карда, рӯзи худро бо машғул шудан ба амалу рафтори номатлуб, корҳои беҳуда ва бадахлоқӣ мегузаронанд.

Зимни мулоқот бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки чанде қабл дар Кохи Ҷомӣ бо ҷавонону донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олӣ, раисони маҳаллаҳо ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт баргузор гашт,  масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгаро мавриди мубоҳиса қарор гирифт.

Афроди алоҳида ва гурӯҳҳои ифротгаро бо ҳар роҳу восита, махсусан ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии интернет, ҷавононро гумроҳ намуда, барои иштирок дар низоъҳои мусаллаҳона ба давлатҳои Сурияву Ироқ ҷалб менамоянд. Онҳо на танҳо худ, балки зану фарзанд ва кӯдакони хурдсолро низ ба он ҷо бурда, бадбахт месозанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ барои фаҳмонидани оқибатҳои ногувор ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайваста бо онҳо вохӯриҳо гузаронида, ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ суҳбатҳо доир менамоянд.

Дар ин мулоқот як нафаре, ки гумроҳ шуда, ба давлати Сурия рафта, аз он ҷо бо азобе гурехта омадааст, сабабу омилҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва оқибати ногувори онро ба ҳозирин нақл намуд.

Фаррух Шарипов зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд мебошад.

Мавсуф зикр кард, ки оиладор, соҳиби як фарзанд буда, тариқи шабакаи интернет бо як духтари қафқозӣ шинос мешавад. Шиносоии онҳо дар ибтидо аз рӯи орзую ҳаваси ҷавонӣ сурат мегирад. Суҳбати интернетии онҳо ботадриҷ ба мавзӯи ислом ва ҷиҳод мегузарад. Духтар ӯро ба худ чунон моил менамояд, ки ӯ омода буд тамоми супоришҳояшро ба ҷо орад. Фаррух Шарипов ба назди маъшуқаи интернетиаш рафта, бо ӯ издивоҷ мекунад. Ваъдаи бо ҳам ба Сурия рафтанро медиҳанд. Аммо бо баҳонаи шиноснома надоштан духтар ӯро бо кумаки шахсони «хайрхоҳ» тавассути Туркия ба Сурия мефиристад. Ҳатто ба Фаррухи ҷавон ваъда медиҳад, ки ҳозир аст бо ӯ дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад ва ё дар Сурия  монанд.

Фаррух Шарипов тавассути Туркия ба давлати Сурия рафтан, тайёрии шариатӣ ва ҷангӣ гирифтанаш ва оқибат аз мақсаду мароми нопоки гурӯҳҳои террористию ифротӣ огоҳ шуда, роҳи фирор ҷустанашро батафсил нақл намуд. Вақте ки хоҳиши ба назди  модар ва зану фарзандаш баргаштанро мекунад, ӯро ба зиндон мепартоянд. Ӯ аз азобу уқубат ба дод омада, бо забони шикастаи арабӣ «Давлати исломӣ — давлати мусулмонӣ нест, балки давлати зулм аст!»- мегӯяд. Барои ин суханонаш қариб буд, ки сарашро аз тан ҷудо намоянд.

Фаррух Шарипов гуфт, ки баъд аз дидани воқеаҳо ва ноадолатиҳо дар Сурия, шоҳид шудан ба сарбурию бераҳмиҳои беасоси афроди гурӯҳи «Давлати исломӣ», дидани он ки занони ҷиҳодиёни тоҷик хариду фурӯш мешуданд ва фарзандонашон дарбадаранд, ҷаҳду талоши зиёд кард, то аз ин варта наҷот ёбад.

Ӯ иброз дошт, ки бисёриҳо мехоҳанд аз он ҷо гурезанд, вале аз тарси ҷон касе ошкоро дар ин бора суҳбат намекунад.

Фаррух Шариповро нафарони махсус ба воситаи давлати Туркия ба сарҳади Сурия ворид намуда, ба дасти афроди силоҳбадаст супоридаанд. Дар он ҷо шиносномаашро аз ӯ гирифтаанд ва дигар онро надидааст.  Ӯ дар як хона ҳамроҳи 27 нафар, аз ҷумла як тоҷик ва як доғистонӣ зиста, шоҳиди бераҳмии афроди ҷангии «Давлати исломӣ» шудааст. Онҳо се — чор «ҷиҳодӣ»-и озарбойҷониро бе ягон таҳқиқ, бо туҳмати он ки гӯё Аллоҳро дашном додаанд ва ё ҷосуси курдҳо будаанд, дар пеши чашми ӯ бо иттиҳоми «хавориҷӣ» сар буриданд. Фаррух Шарипов, ки аз аҳкоми шариати исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ огаҳӣ дорад, сари ин мавзӯъ бо шариконаш вориди баҳсҳо шудааст.

Ӯ иброз намуд, ки дарси аввалини онҳо аз «Ширк чист?» шурӯъ гардид, ки дар он Имоми Аъзам Абӯҳанифаро такфир бароварданд ва гуфтанд, ки ӯ «хавориҷ» аст.  Баъди шунидани ин суханҳо ман гуфтам: Аз чор-се ҳиссаи мусулмонони ҷаҳон пайрави мазҳаби Ҳанафия мебошанд, магар онҳоро куштан лозим аст?

Дар ҷавоб гуфтанд, ки «Мо ин давлатро бо хун сохтаем». Баъди шунидани ин суханҳо ман ба даҳшат афтодам ва бо худ гуфтам: «Ислом дар хонаи ман – дар Тоҷикистон буд, мани нодон ба куҷо афтидам».

Сипас, ба Абдулфайз ном ёрдамчии Амири Нақиб (роҳбари гурӯҳи муҷоҳидон) хоҳиши баргаштанамро карда, гуфтам, ки модарам ба мушкилӣ дучор гардидааст, маро ҷавоб диҳанд. Вале ӯ гуфт, ки бигузор ҳамаи падару модарон, зану фарзандон қурбон шаванд, мо барои хилофат мубориза мебарем.

Ниҳоят Фаррух Шарипов бо душвории зиёд марзи Сурияро гузашта, ба Туркия меояд. Аз он ҷо бо кумаку дастгирии мақомоти корҳои дохилӣ ба Ватан баргардонида мешавад.

Дар идомаи вохӯрӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр намуд, ки бештар аз 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок доранд. Дар сафҳои гурӯҳҳои террористии бо ном «Давлати исломӣ» ҷиҳод мекунанд. Ин чӣ гуна ҷиҳод аст, дар ҳоле ки ҳар ду ҷониб ҳам мусулмонанд. Он ҷо ҷанг на барои ислом, балки барои манфиати давлатҳои алоҳида аст. Хадамоти махсуси баъзе давлатҳо бо системаи муайян кор бурда, ҷавонони  гумроҳро ба чунин гурӯҳҳои тундраву экстремистӣ шомил менамоянд. Ҳадафи онҳо ҷанг андохтани ду мазҳаби дини ислом аст, ки феълан  тавонистаанд онро амалӣ намоянд.

Он духтаре, ки  тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет Фаррух Шариповро ба доми худ гирифтор карда буд, ба чунин гурӯҳҳои таблиғотӣ шомил аст. Баъд аз санҷиш маълум шуд, ки он духтар бо чандин ҷавони дигар низ никоҳ карда, баъди ду-се рӯзи зиндагӣ онҳоро ба Сурия фиристодааст. Фаррух Шарипов сайди навбатии ӯ буд. Ҳоло ин духтар суроғаашро дигар  кардааст, то ба даст наафтад. Чунин духтарон дар хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия зиёданд. Барои хизматашон маблағ  мегиранд.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамчунин афзуд, ки ҳоло нисбати 150 нафари дигар, ки дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар Сурияву Ироқ  иштирок доранд,  парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.  Муайян гардид, ки бештар аз 40 оила аз ҷумҳурии мо дар ин давлатҳо зиндагӣ доранд. Дар набардҳо бо номи ҷиҳод ҷавонони мо ба гурӯҳҳои муқобил  шомил шуда, бо ҳам меҷанганд. Аллакай зиёда аз 50 нафари онҳо кушта шудаанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ бо Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян кардани теъдоди иштирокчиён-шаҳрвандони мо дар муноқишаҳои мусаллаҳи давлатҳои хориҷӣ, пешгирӣ ва  баргардонидани онҳо гурӯҳи корӣ ташкил намудааст.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои ифротгарову экстремистӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намудааст. Баробари ин, бо мақсади ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои даст кашидани онҳо аз иштирок дар чунин амалиётҳои ҷангӣ қонунгузорӣ сабукиҳо пешбинӣ кардааст. Чунончӣ, ба моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эзоҳ илова шудааст. Мувофиқи он шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Фаррух Шарипов, ки ихтиёран аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳидҳои мусаллаҳ ва зудухӯрдҳои мусаллаҳона даст кашида, ба Ватан баргаштааст, мутобиқи ҳамин моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.  Фаррух Шарипов оқибати гумроҳии худро сари вақт дарк намуд. Дигар ҷавонони фиребхӯрда низ метавонанд аз ин роҳи хато баргашта, зиндагии тинҷу оромро  пеша кунанд. Инро қонунгузории мо кафолат медиҳад.

Сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода генерал — майори милитсия Муҳаммадшоҳ Искандаров иброз дошт, ки гурӯҳҳои ифротгаро барои ҳадафҳои нопоки худ аз номи дини мубини ислом баромад менамоянд ва ҳадафҳои нопоки худро пиёда месозанд. Мақсади асосии онҳо бадном кардани дини мубини ислом мебошад.

Мавсуф доир ба арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ сухан ронда, зикр кард, ки сабабҳои бегонапарастӣ ва шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аз надонистани илмҳои дунявӣ ва исломӣ аст. Бо ташаббуси Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби муқаддаси «Қуръон» бо хатти кириллӣ ва забони тоҷикӣ тарҷума шуда, дастраси ҳамагон гардидааст. Хоҳишмандон метавонанд ин китоби муқаддасро хонда, худ боварӣ ҳосил намоянд, ки оид ба қатлу куштори мусулмон аз ҷониби мусулмон дар ягон ояти он ҳарфе гуфта нашудааст.

Аз ин рӯ, алайҳи чунин  падидаҳои номатлуб мубориза бурда, танҳо дар якҷоягӣ, ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ метавонем кишварамонро боз ҳам ободу хуррам  гардонда, дар арсаи ҷаҳонӣ таври мусбат муаррифӣ намоем.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»