Пазироӣ ва дидорбинӣ
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар арафаи Рӯзи Ғалаба як гурӯҳ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ пазироӣ гардиданд. Раиси шаҳр Шариф Шарипов роҷеъ ба корномаи ҳамватанони мо, аз ҷумла сокинони Роғун, дар набардҳои ҷанг суханронӣ карда, ҳозиринро ба ифтихори ид муборакбод намуд.
-Аз ҳисоби мақомот ба 15 нафар маъюбони ҷанг 500 сомонӣ, ба аъзои оилаҳои бесаробон 200 сомонӣ ва саҳмгузорони ақибгоҳ 300-сомонӣ маблағ ёрӣ расонида шуд. Чунин амали хайр нисбати собиқадорони ҷанг ҳамчунин аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои алоҳида анҷом ёфт. Кормандони беморхонаи марказӣ ва дармонгоҳи шаҳраки Обигарм ба аёдати пирони барҷомонда рафта, ёрии тиббӣ расониданд,- гуфт ба хабарнигорамон мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва муносибат бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр А. Ҷойлобов.
Корнамоии собиқадорон-ибрати насли ҷавон
Гурӯҳи хонандагони созмони талабагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Искандар Абдураҳмонов рафтанд. Онҳо нақлҳои муйсафеди рӯзгордидаро шунида, ба ӯ туҳфа тақдим намуданд. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳраки Панҷ вохӯрӣ бо собиқадори ҷангу меҳнат Акрам Назаров баргузор шуд,
Алҳол онҳое, ки солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизм мубориза бурданд, дар ноҳия ҳамагӣ 24 нафар мондаанд. Корнамоии онҳо ва дигар ҳамсафонашон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»