Ду хабар

№48 (3528) 12.04.2016

Гусели ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ

Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба гусели аввалин гурӯҳи  даъватшавандагон, иборат аз 95 нафар ихтиёрӣ, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Комил Салимзода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони мақомоти қудратӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидайни даъватшудагон, инчунин ҷавонону наврасони ноҳия иштирок доштанд. Комил Салимзода, намояндаи падару модарони даъватшавандагон Ҳасан Нусратов, имомхатиби ноҳия Абдуқаҳҳор Хоҷаев, сарбоз Ардамеҳр Қурбониён, ки хизмати Модар — Ватанро сарбаландона ба ҷо овардааст ва даъватшаванда Низомҷон Алиев  ба сухан баромада, доир ба муқаддас будани хизмат ба Ватан, қарзи шаҳрвандии ҷавонмардон, нақши хизмати ҳарбӣ дар обутобёбии ҷавонон сухан карда, ба наваскарон муваффақият таманно карданд.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»

 Ҳамкории соҳибкорони Россия бо кишоварзони Хатлон тавсеа меёбад

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиши соҳибкорони Федератсияи Россия ва кишоварзони вилояти Хатлон барпо гардид. Соҳибкорони рус баробари суҳбату мулоқот бо кишоварзон бевосита бо маҳсулоти тару тозаи истеҳсолнамудаи онҳо ошно гардиданд.

Бо ин мақсад дар маркази вилоят навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили бодиринг, помидор, карам, гулкарам, картошка, пиёз, сабзӣ, лимӯ ва дигар маҳсулоте, ки дар гармхонаю заминҳои ҳудуди вилоят пухта расидаанд, ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин, тоҷирону соҳибкорони рус ба ноҳияҳо рафта, бо ҷараёни кори кишоварзон дар саҳро ошно гардиданд.

Шартномаҳои ҳамкории байни соҳибкорони Федератсияи Россия ва вилояти Хатлон зимни ин ҳамоиш баимзорасида имкон медиҳанд, ки соли ҷорӣ садҳо тонна сабзавот ва меваи тару тоза пешкаши истеъмолкунандагони ин кишвари дӯст, қабл аз ҳама, сокинони шаҳри Москва, гардонда шавад.

Тавре сарвари намояндагии тиҷоратии Россия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин иброз намуд, ҳамкориҳои судманд дар оянда низ идома меёбанд.

 Давлат Султонов, «Садои мардум»