«Дубай»-и Данғара

№90 (4040) 25.07.2019

DSC_7576Солҳои пеш сокинони ноҳияи Данғара, бинобар беобӣ, танҳо  ба чорводорию ғаллакорӣ машғул буданд. Баъд аз он ки тавассути нақб оби рӯди Вахш оварда шуд, сабзавоткорию боғдорӣ ва пахтакорӣ низ ривоҷу равнақ ёфт. Хурсандиовар аст, ки баъзеҳо ба сохтани гармхонаю бунёди  боғҳои зардолую  гелос ва себу нок иқдом  намуданд.

Яке аз соҳибкорони ташаббус­кор Зайнулло  Чориев мебошад, ки мавзеи атрофи Ойдинкӯлро ба боғ табдил додааст. Чанд сол боз меҳмононе, ки ба ин ҷо меоянд, аз меваҳои хушлаззати боғ ком ширин мекунанд. Аз 12 гектар масоҳати умумии ин мавзеъ 5 гектарашро кӯл ташкил медиҳад. Оянда дар он имкони ба роҳ мондани моҳипарварӣ мавҷуд аст. Байни қаторҳои боғ помидору қаламфур ва полезиҳо хуб ­нашъунамо доранд.

Вақте мо — як гурӯҳ рӯзноманигорон ба ин боғ омадем, насими форами ҳавои атрофи кӯл бо накҳати гулҳои ёсуман ҳамроҳ шуда, ба кас неру  мебахшид.

Боғу гулгаштҳои бо завқи баланд бунёдшудаи мавзеъ таъби ҳар як бинандаро болида месозанд. Аз ин рӯ, ман онро «Дубай»-и Данғара номидам, зеро ба шаҳри тиҷоратию туристӣ шабоҳат дорад.

Ба боғ чанд маротиба шаҳвандони хитойӣ барои истироҳат омада, бо табъи болида рафтанд. Боварӣ дорем, ки дар ояндаи наздик он ҷойи дӯстдоштаи сайёҳони дохилию хориҷӣ мегардад.

Сайфиддин Суннатӣ«Садои мардум»