Таъмини амнияти озуқаворӣ

Дурнамо се баробар зиёд иҷро шуд

№114-115 (3260-3261) 03.10.2014

Дар урфият мегӯянд: «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад гулдаста гардад».  Яъне, ирода, азми қавӣ ва заҳмати хуб ҳамеша натиҷаҳои некро ба бор меорад.  Ҳамин омилҳо дар соҳаи кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ боиси комёбиҳо гардид. Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Бахтиёр Халилов  иброз дошт, дастовардҳои деҳқонони ноҳия имсол назаррас аст. Аз ҷумла нақшаи ҷамъоварии хӯроки чорво  се баробар иҷро гардид. Дар натиҷаи ташкили дурусти кор ва  андешидани тадбирҳои дигари зарурӣ имсол ба ҷои 12 ҳазору 100 тоннаи дурнамо 29 ҳазору 96 тонна хӯроки дурушти чорво ҷамъоварӣ ва захира шуд.  Ин имкон медиҳад,  ки чорво аз давраи зимистон беталаф бароварда шаваду истеҳсоли маҳсулот кам нагардад.  Илова ба майдони юнучқазору қитъаҳои алафзори талу теппаҳо, инчунин дар ду ҳазор гектар кишти такрории ҷуворимакка барои хӯроки чорво гузаронида шуд. Алҳол дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ноҳия  2 ҳазору 468 сар чорвои калон ва 21 ҳазору 780 сар моли майда парвариш меёбад.  Истеҳсоли гӯшт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  90 тонна ва шир 464 тонна афзоиш ёфт. Ҳамзамон 1 миллиону 576 ҳазор дона тухм истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 415 ҳазор дона зиёд аст.

Роҷеъ ба дигар бахшҳои кишоварзии ноҳия муовини сардори раёсати фавқуззикр Абдуқодир Қурбонов чунин иттилоъ дод:

- Имсол воқеан барои хоҷагидорони мо соли серҳосил омад. Деҳқонону мутахассисон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузории ҳар чӣ бештар дар таъмини амнияти озуқаворӣ корро вусъат дода, комёбиҳоро рӯз то рӯз афзун мекунанд.  Чунончӣ, мавсими ҷамъоварии ғалла бомуваффақият анҷом ёфт ва 40 ҳазору 712 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Ҷамъоварии сабзавот низ авҷ гирифтааст. Имсол дар майдони 759 гектар навъҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла карам, помидор, бодиринг кошта, ҳосили хуб парвариш карда шуд. То ин дам 15 ҳазору 534 тонна сабзавот истеҳсол карда, ба аҳолӣ пешкаш гардид. Дастранҷи деҳқонони ноҳия бозорҳои минтақа, аз ҷумла шаҳри Душанберо фаровон гардонидааст. То охири сол истеҳсоли сабзавотро ба 2232 тонна мерасонем.

Тавре маълум аст, сарфи назар аз фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, нарх дар бозорҳо гарон аст. Барои паст кардани нархи маҳсулоти асосии кишоварзӣ  ва заминагузорӣ барои ҳосили соли оянда дар ноҳия тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Аз ҷумла то санаи 24-уми сентябр дар майдони 87 гектар кишти пиёзи барвақтӣ гузаронида шуд ва он ба 110 гектар расонида мешавад.

Дар ноҳия ҷамъоварии пахта низ бомуваффақият идома дорад. Имсол майдони кишти он 20 гектар зиёд гардида,  ба 731 гектар расид. Алҳол 465 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул фиристода шудааст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»