Душанбе

№49 - 50 (4155-4156) 18.04.2020

image-578913f8ff9367132300c4cf-578a2181381bf-1bok8c1-lbcvrЧун нанозам, бар чунин шаҳре, ки Рустам сохтаст,

Умри ширини ҷавонӣ дар паи он бохтаст.

Нақши ин шаҳри биҳиштӣ ҳамчу гавҳар дар садаф

Дар набарди коргоҳи орзу пардохтаст.

Пойандоз аз гулу булбул ба асбоби хирад,

Аз камоли ақл бо покӣ ба роҳ андохтаст.

Растагулҳо, дастагулҳо, бастагулҳо чун чароғ,

Дар ҳақиқат, аз зулоли қалбу ҷон афрохтаст.

Ҷилва дорад сад ҳазорон ранг табъи ҳимматаш,

Ҳар ки моҳе пас биомад, шаҳри худ нашнохтаст.

Дар ҳузурободи Рустам менишинам боҳузур,

Роҳатободе, ки мираш чун ақиқ бигдохтаст.

Баҳри номуси ватандорӣ зи нав Абдулрашид,

Вожаҳоро шона карда, дар ғазал бинвохтаст.

Рашид ДАВЛАТОВ,

ноҳияи Шамсиддин Шоҳин