Душанбе доман паҳн мекунад

№13 (3963) 02.02.2019

tajikistan_413261Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе», Нақшаи генералии тасҳеҳшудаи шаҳри Душанбе бо дарназардошти нишондодҳои асосӣ, аз ҷумла, афзоиши аҳолӣ, тасдиқ шуд, ки дар он васеъшавии шаҳр дар назар дошта шудааст.

Тавре раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе Маҳмадсафо Раҷабализода изҳор дошт, бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти қарори зикршуда гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо истифодаи технологияи муосир ҳолати воқеии истифодаи заминҳои шаҳри Душанбе ва заминҳои мувофиқи дурнамо ба он воридшаванда муайян карда шуд.

Гурӯҳи корӣ дар як сол баҳисобгирии қитъаҳои замин ва гузариши хати сарҳад­ро дар заминҳои ба шаҳри Душанбе воридшаванда аз ҳисоби заминҳои ҷамоатҳои деҳоти «Чоряккорон», «Чортеппа», «Сарикиштӣ», «Чимтеппа», «Навобод», «Россия» ва «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар масоҳати 7659,25 гектар муайян намуда, санадҳои заминсозиро бо тартиби муқарраргардида омода карда, ба Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳои деҳоти зикршуда барои баррасӣ пешниҳод намуд.

Натиҷаи иҷрои корҳои заминсозӣ бо қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 27 сентябри соли 2018 «Дар бораи тағйир додани ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ» ва Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ аз 28 сентябри соли 2018 «Дар бораи тасдиқи қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ҷамоатҳои деҳоти «Чоряк­корон», «Чортеппа», «Сарикиштӣ», «Чимтеппа», «Навобод», «Россия» ва «Гулистон» тасдиқ шуд.

Маълум гардид, ки бо дарназар­дошти васеъшавӣ аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ масоҳати шаҳри Душанбе ба 20 318,25 гектар мерасад ва дар минтақаҳои ба шаҳри Душанбе воридшаванда 82801 нафар зиндагӣ мекунанд.

Тибқи иттилои муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов, дар 7659.25 гектари ба пойтахт иловашуда, тибқи талаботи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, шаҳракҳои нав бо инфрасохтор, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои бачагона, майдончаҳои истироҳатӣ, марказҳои хизматрасонию савдо, таваққуфгоҳҳо, беморхонаҳо, шабакаи обтаъминкунӣ, корезӣ, минтақаҳои истеҳсолӣ (корхонаҳои саноатӣ), рекреатсионӣ (ҷой ва иншооти барои сайёҳӣ махсусгардонидашуда), боғҳои фароғатию фарҳангӣ, ҷангалзор ва гулгаштҳо, ҳудудҳои махсус (биноҳои мутааллиқ ба сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) ва ғайра бунёд мегарданд. Азбаски қисми зиёди ин заминҳо ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд, таъсиси боз як ноҳияи дигар дар пойтахт аз эҳтимол дур нест.

Бино ба гуфти ӯ, дар ҷойи деҳаи Чортут, ки алҳол ба ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, ҳудудҳои махсуси обтаъминкунии пойтахт бунёд гардида, минтақаи корезӣ, ки алҳол дар маҳаллаи Гулбутта қарор дорад, ба деҳаи Сарикиштии деҳоти «Сарикиштӣ» кӯчонида мешавад.

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи вайронкунии биноҳои фарсударо тартиб дода, онро дар доираи нақша-чорабиниҳо давра ба давра то соли 2025 ва минбаъд то соли 2040 амалӣ менамояд, — гуфт Шодимурод Аловуддинов.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»