Рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар солҳои соҳибистиқлолӣ, воқеан, бесобиқа аст, — чунин андеша доранд ҳамсуҳбатони мо, ки умри пурбаракат дидаанду собиқаи зиёди корӣ доранд.
Мирзоамин Мирсаидзода:
- Ман солҳои зиёд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кору фаъолият доштам ва шахсан шоҳиди иқдому заҳматҳои роҳбарияту сокинони пойтахт будам. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кордонию масъулиятшиносии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе таи чанд соли охир ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт. Имрӯз он ба маркази умеду орзуҳои кулли мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони дунё табдил ёфтааст. Бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати кишвар барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани пойтахти кишвар як силсила тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Ҳамаи ин заҳмату талошҳои бунёдкоронаро дида, дар васфи пойтахти азиз чанд китоб таҳия ва ба нашр расонидам. Аз ҷумла, таҳти унвони «Душанбе — қалби Тоҷикистон». Ин китоб ба дастовардҳои шаҳрдории пойтахт таи солҳои соҳибистиқлолӣ бахшида шудааст. Китоб бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) чоп шуд. Ҷилди чоруми китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон»-ро омода ва ба ҷашни 100-солагии таъсиси Душанбе ҳамчун армуғон пешкаш намудам.
Шарофиддин Сироҷов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъватҳои чорум ва панҷум:
- Пешрафту рушди бесобиқаи шаҳри Душанбе аз кордонию фарҳангсолорӣ, дурандешӣ ва ғамхориҳои роҳбарияти он дарак медиҳад. Имрӯз таҳти сарварии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли 2017 баргузор шуда буд, аз ҷумла, чунин иброз доштаанд: «Пойтахт симо ва оинаи давлату миллат буда, рафъи камбудию мушкилоти мавҷуда ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳр, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, роҳбарону кормандони ҳамаи мақомоту сохторҳои давлативу ғайриҳукуматӣ, донишҷӯён ва ҳар як сокини шаҳри Душанбе дар хотир дошта бошанд, ки пойтахти мамлакат ҳамчун маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хизматрасонӣ бояд дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматии бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида, макони ободониву сабзкорӣ, тозагиву зебоӣ ва одоби баланди муошират бошад».
Воқеан, дар баробари корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангии сокинони шаҳр яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар ин ҷода низ то имрӯз корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд ва бо дастгирӣ аз дастуру супориш ва иқдомоти Сарвари давлат шаҳрвандон бояд саъю талош намоянд, ки дар ҳифзи тозагӣ ва рушди шаҳри азизамон саҳмгузор бошанд.
Абдураҳмон Аҳмадзода, меъмори собиқадор:
- Вақте ба симои имрӯзаи Душанбеи азиз нигоҳ мекунам, як ҳиссиёти фараҳангез ва пурифтихор маро фаро мегирад. Хушҳолам, ки ҳамчун меъмор бевосита дар шукуфоию ободонии пойтахт иштирок кардам. Давоми фаъолияти кориам дар сохторҳои Агентии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон медидам, ки барои рушди пойтахти кишвар аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои шоиста, дастуру супоришҳои мушаххас сурат гирифтанд. Маҳз, ҳамин таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Сарвари давлат буд, ки аз ҷумла, соҳаи сохтмон ва меъморӣ рушд карда, имрӯз тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус шаҳри Душанбе ба шаҳри сарсабзу хуррам ва намунавӣ табдил ёфтааст. Лоиҳакашону меъморон аз чунин ғамхорӣ ва дастгириҳо рӯҳбаланд гардида, тарҳҳои ҷолиби иншооти гуногунро таҳия ва пешниҳод карданд. Дар натиҷа, дар шаҳр хонаҳои нави замонавӣ, иншооти гуногуни маъмурӣ, марказҳои хизматрасонӣ, тиҷоратӣ, фаҳангию варзишӣ бунёд ёфта, кӯчаю хиёбонҳо васею гулбасар гаштааст.
Дар баробари ин, солҳои охир ният кардам ободӣ ва бунёдкориҳои шаҳри азизамонро дар китобе инъикос ва ба оммаи васеъ муаррифӣ намоям. Хушбахтона, баъди заҳмати чандинсола ба ин кор муваффақ шудам. Китоби мусаввире бо се забон роҷеъ ба иншооте, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд ёфтанд, таҳия карда ба нашр расондам. Унвони китоб ҳам «Иншооти даврони истиқлол» буда, дар он намунаи иншооти дар пойтахт тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бунёдшуда шарҳу тавзеҳ дода шудааст.
Боварӣ дорам, пойтахти Тоҷикистон бо чунин суръате, ки пеш меравад, дар оянда боз ҳам рушду нумӯъ ёфта, ба яке аз шаҳрҳои намунавии ҷаҳон табдил меёбад.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»