Душанбе. Таъсиси 71 корхона бо 2826 ҷойи корӣ дар 11 моҳ

№154 (3634) 20.12.2016

15 декабри соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум  баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо оид ба «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев дар бораи  иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, буҷети шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016, буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2015 ва  вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри татбиқи барномаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2017», «Оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт», «Дар бораи эътироф намудани молу амвол вобаста ба тағйир ёфтани тарҳи шаҳри Душанбе», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №17-2 аз 23 июли соли 2015 «Дар бораи таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум, интихоби раис ва аъзои онҳо» ва «Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе» мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд.

Зимни ҳисобот Маҳмадсаид  Убайдуллоев, зикр намуд, ки  татбиқи барномаҳои ҳадафраси  шаҳр имкон фароҳам оварданд, ки рушди иқтисодию иҷтимоӣ муттасил таъмин гардида,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ  101,4 фоиз, маблағ­гузорӣ ба сармояи асосӣ – 102,8,  савдои чакана – 103,8 ва хизматрасонӣ – 103,1 фоизро ташкил диҳад.

Январ-ноябри соли 2016 аз ҷониби 483 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми беш аз 1,2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки  нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 85,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, 243 корхона ё 50,3 фоизи онҳо  ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0 фоиз зиёд намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар шаҳри Душанбе 49 корхонаю коргоҳи истеҳсолии нав бо шумораи умумии 1525 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз карда, ба маблағи 22,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Дар доираи татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №143-4 аз 5 майи соли 2016 «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2016» 2 корхона ва 15 коргоҳу сех бо таъсиси 301 ҷойи нави корӣ ба  истифода дода шуд.

Ҷиҳати идома бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ моҳи октябри соли 2016 бо қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муассисаҳои давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» дар чор ноҳияи шаҳр таъсис ёфт, ки дар онҳо ташкили коргоҳҳои истеҳсолӣ ва марказҳои омӯзишӣ бо таъсиси 1000 ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Душанбе 71 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо шумораи умумии 2826 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи кормандони корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2016-ум 1161,17 сомониро  ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,13 сомонӣ ё 7,7 фоиз зиёд аст.

Раиси шаҳри Душанбе, ҳамчунин  дар атрофи «Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба самтҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2017», фаъолияти Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе, тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ, аз байн бурдани сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва дар заминаи онҳо бунёд намудани майдончаҳои варзишию кӯдакона ва боғу гулгаштҳо, омодагиҳо ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, азнавсозии роҳҳои автомобилгард, пардохти музди меҳнат ва ғайра андешаҳояшро иброз дошт.

Дар иҷлосия буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2017-ум аз рӯи даромадҳо, бидуни андози иҷтимоӣ, дар ҳаҷми 1412,3 млн. сомонӣ муайян гардид.

Раиси шаҳр пешниҳод намуд, ки баҳри таҳкими пояҳои илму маориф дар доираи татбиқи сиёсати Пешвои миллат соли 2017  дар шаҳр Соли маориф ва инноватсия эълон шавад.

Дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев аз номи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва Ҳукумати кишвар барои дастгирии ҳамаҷониба баҳри рушду тараққиёти рӯзафзуни шаҳр миннатдории самимӣ изҳор намуда, бо беҳтарин таманниёт ва самимият вакилон ва дар шахси онҳо  сокинони пойтахти мамлакатро   ба муносибати фаро расидани Соли нави 2017 табрик намуда, саодатмандӣ орзу намуд.

Ш. Саидов