18 апрели соли ҷорӣ Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, сардорони сохторҳои мақомот ва идораю корхонаҳои шаҳрӣ иштирок доштанд.
Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум то интихоб шудани Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати вакили синну солаш калонтари Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Зариф Шарифов сурат гирифт.
Дар иҷлосия масъалаҳо «Оид ба тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №25 ва № 62», «Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017 «Дар бораи Раиси шаҳри Душанбе таъин намудани Рустами Эмомалӣ», «Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017» ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба интихоботи вакилони нави Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки 2 апрели соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботии №25 ва №62 ба ҷойи вакилони хориҷшуда баргузор шуд, гузориш дод. Зикр шуд, ки пас аз ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии №25 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо дарёфти 84,80 дарсади овозҳо ба пирӯзӣ ноил гардидааст.
Номзадҳо аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович — 7,81 ва Саидиён Ҳикматуллоҳ Қувватзода аз Ҳизби демократии Тоҷикистон 2,65 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.
Дар ҳавзаи интихоботии № 62 (ноҳияи Фирдавсӣ) 75,11 дарсади раъйдиҳандагон ба тарафдории номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд овоз доданд. Номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Абдуллоева Мавсума Исматуллоевна — 11,65 ва Файзуллобекова Васила Тошбековна — номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 8,78 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.
Маҷлиси вакилони халқ тибқи гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии № 25 ва №62 ваколати вакилони интихобшуда — Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмудро тасдиқ кард.
Абдулло Холиқов, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №25 ва №62 шаҳодатнома ва нишонҳои сарисинагии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо супорид.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №862 «Дар бораи Раиси шаҳри Душанбе таъин намудани Рустами Эмомалӣ» қарори дахлдор қабул намуд.
Кори минбаъдаи иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷараён гирифт. Рустами Эмомалӣ иброз дошт, ки неру ва қувваю дониши худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба сокинони кишвар равона месозад.
Иштирокчиёни Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷараёни татбиқи барнома ва нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар мавриди Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 баррасӣ ва дар ин робита қарор қабул намуданд.
Ҳамчунин дар иҷлосия як қатор қарорҳои қабулнамудаи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба сиёсати кадрҳо баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулинро ҷиҳати дар корҳои сохтмонӣ истифода набурдани масолеҳи зудоташгиранда, нигоҳдории воситаҳои нақлиёту ҷойи партовгоҳ бо дарназардошти меъёрҳои санитарӣ, роҳравҳо ва майдончаҳои бозии кӯдакон, назорати корҳои навсозии роҳу пулҳо, ки аз ҷониби соҳибкорони саховатпеша амалӣ мешавад, ҳолати тозагӣ ва сифати роҳҳо, таъмини сокинони пойтахт бо оби ошомиданӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва захираи онҳо, ба тартиб даровардани намуди зоҳирии бозорҳои коммуналию хусусӣ, ҷорӣ намудани либоси ягона, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, истифодаи самараноки қувваи барқ, ташкили ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ ва истеҳсоли атласу адрас ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ҷалб намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АМИТ «Ховар»