Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Душанбе

№150 (3296) 19.12.2014

16 декабри соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар он ба муовини якуми раиси шаҳр Хайруллоев Н., муовини раиси шаҳр Мансуров Ҷ.М., раисони ноҳияҳои шаҳр -  Сафаров З.А., Бобоев С.Қ., Алиев С.А., Қурбонов А.Ҷ. ва роҳбарони сохторҳои муҳандисии пойтахт -Атоев С.К.- директори ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», Раҳмонов М.Р. –  сардори Хадамоти  давлатии назорати энергетика дар  шаҳри Душанбе, Ниёзов У.С.- директори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, Табаров А.А. – директори Муассисаи давлатии шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ва Холматов Н.У. – сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» вобаста аз зарурати сарфаҷӯйии неруи барқ ва ба ин васила коҳиш додани сербории системаи ягонаи барқии кишвар  дар мавсими зимистон дастур дода шуд, ки низоми сарфаҷӯйии барқро дар шаҳр таъмин карда, бо дарназардошти қаблан огоҳонидани субъектҳои хоҷагидории алоҳида, бобати дар фасли сармо гузаштан ба сӯзишвории алтернативӣ, назорати қатъиро роҳандозӣ намоянд ва  оид ба таъмин намудани фонди манзилӣ тибқи нақшаи фарогирӣ бо оби гарм ва гармитаъминкунӣ дар шаҳр бо дарназардошти истеҳсоли неруи гармӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи ШСХК «Барқи Тоҷик»  фавран аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки баҳри коҳиш додани истифодабарии қувваи барқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки мутаассифона, беш аз пеш ҳамарӯза аз меъёр зиёд гардида истодааст, мо бояд чораҳои мушаххасро амалӣ намоем.  Зеро нисбати 15-16-уми моҳи декабри соли 2013 дар 15-16 декабри соли равон  истифодабарии  шабонарӯзии қувваи барқ мутаносибан 18,9 ва 48,2 фоиз афзудааст, ки дар низоми маҳдудиятҳои интиқоли реҷавии барқ дар кишвар муросонопазир мебошад.

Дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш дод, ки тавассути роҳандозии корҳои васеи таблиғотӣ миёни сокинон ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ, муштариёни шабакаҳои барқии  шаҳр даъват карда шаванд, ки бо дарки масъулият  нисбати истифодабарии неруи барқ муносибат карда, беш аз ҳарвақта фарҳанги сарфаву сариштакорона истифода кардани онро дар коргоҳу ҷойи зист риоя намоянд. Ҳамчунин сохторҳои марбутаи соҳавӣ вазифадор карда шуданд, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Раиси шаҳр ҳамзамон сохторҳои назорати давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятиро  муваззаф кард, ки бо роҳандозии рейдҳои муштараки доимӣ оид ба риояи ҳатмии ин муқаррарот аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ нисбати хилофрафторон тамоми тадбирҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ созанд.

Ш.Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе