Ҷаласаи кории раиси шаҳри Душанбе

№138-139 (3123-3124) 01.11.2013

28 октябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ оид ба масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, қабл аз ҳама таваҷҷуҳи масъулинро ба ҳолати риояи реҷаи фаъолият дар субъектҳои хизматрасонии маишию фарҳангӣ нигаронида, дар иртибот ба он зикр сохт, ки бо ҷурми камфаъолиятии сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ, мутаассифона, тавре воқеият собит месозад, то ҳанӯз марказҳои алоҳидаи дилхушӣ хилофи регламенти шаҳр ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе то субҳгоҳон фаъолият намуда, дар косташавии фазои ахлоқӣ ва таблиғи арзишҳои номатлуб миёни ҷавонон таъсиррасонӣ доранд.

Бо ин мақсад ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки барои пешгирии фаъолияти ғайриреҷавии марказҳои дилхушӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, нисбати хилофкорон чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро шадидан татбиқ созанд. Барои роҳандозии назорати ҷамъиятӣ аз сокинони шаҳр ва воситаҳои ахбори омма даъват ба миён овард, ки алайҳи ин гуна қонуншиканиҳои бамушоҳидарасида ва рафторҳои номатлуби ҷавондухтарону писарон дар марказҳои дилхушӣ оҷилан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сомонаи раиси шаҳр ахбор манзур сохта, дар ҳифзи фазои солими ахлоқӣ, рахнашавии арзишҳои миллӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъолона ширкат варзанд.

Ҳамзамон муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе Б.Назаров муваззаф гардид, ки то 1 январи соли 2014 ҷиҳати тибқи муқаррароти Қарори марбутаи раиси шаҳр ба низом даровардани масъалаи додани тартиби реҷаи корӣ ба субъектҳои хизматрасон ва риояи он чораҳо андешад ва аз прокуратураи шаҳр хоҳиш ба амал оварда шуд, ки дар ин ҷода санҷиши мутақобиларо анҷом диҳад.

Дар ин робита, раиси шаҳр аз риояи нокифояи танзими расму оин зимни баргузории тӯю маъракаҳо изҳори нигаронӣ карда, ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар ин самт бо пурзӯр намудани назорат барои таъсиррасонӣ нисбати хилофкорон тибқи қонунгузорӣ чораҳои муассир андешанд.

Инчунин бо дахли масоили пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ва шаффофияти қабули ҷобатҷогузории кормандон дар субъектҳо, роҳ надодан ба таъини хешу таборон дар корхонаҳои зертобеъ аз прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шуд, ки тамоми муассисаҳои коммуналии шаҳрро аз рӯйи ин талабот мавриди санҷиш қарор диҳад.

Бо дарназардошти он ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе манъ карда шудааст ва айни замон корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон, инвентаризатсия ва аз байн бурдани ҳайвоноти мутазаккира идома дорад, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш дод, ки баҳри дастрасии сокинон бо шир ҳамарӯза аз соати 600 то 900 ва соати 1800 то 2000 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии «Комбинати шири Душанбе» бо нархи 3,5 сомонӣ тавассути нақлиёт ба фурӯш гузоштани шири софкардашуда (пастеризатсияшуда) иҷозат дода шавад.

Ш.САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе