Ҷаласаи кории раиси шаҳри Душанбе

№11 (3157) 31.01.2014

27 январи соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи кории раиси шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳо баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо оби нӯшокӣ, вусъати ҷараёни насби ҳисобкунакҳои обӣ ба муштариён ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи обу корези Душанбе, сифати анҷоми корҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо дар шаҳр, вазъи чароғонию мунавварсозии кӯчаву  хиёбонҳо, ғановати бозори истеъмолӣ, ҳолати каналу селпартоҳо, татбиқи барномаҳои сабзкорию дарахтшинонӣ, беҳбудбахшии экологию санитарии шаҳр, ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ, истифодаи мақсадноки моликияти коммуналию маблағҳои буҷетӣ ва назорати қарордодҳои молиявӣ оид ба хариди давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар радифи тақвияти чораҳои беҳбудбахшии сатҳи хизматрасонӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин супоришоти мушаххас дод.

Раиси шаҳр нисбати фаъолияти корхонаҳои саноатии аз буҷети шаҳр маблағгузоришаванда масъалагузориҳо намуда, ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир махсус таваҷҷуҳи роҳбарони корхонаҳоро ҷалб сохт.

Инчунин бо дахли масоили омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, бо  дарназардошти ба истифода дода шудани марҳилаи дуюми ободониҳои ҳудуди КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва боғи Наврӯзгоҳ баҳри истифодаи мақсаднок ва роҳандозии фаъолияти самараноки корхонаи мазкур ба сохторҳои марбута фармуд, ки дар заминаи толорҳои барҳавои КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузории намоишгоҳҳои доимоамалкунандаи маҳсулоти истеъмолию ниёзҳои рӯзгор ва гулу буттаҳоро тарҳрезӣ намоянд.

Ҳамзамон, бо дарназардошти фароҳам  будани инфраструктураи лозима, муваззаф  сохт, ки ояндаи наздик масъалаи дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба роҳ мондани фаъолияти Хонаи ақди никоҳи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Ш.САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе