Ҷаласаи кории раиси шаҳри Душанбе

№13 (3159) 08.02.2014

3 феврали соли 2014 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа, қабл аз ҳама масъалаҳои сари вақт бартарафсозии оқибатҳои бориши сахти барфу сардии ҳаво ва вобаста ба ин ҳолат тибқи супоришҳои қаблии раиси шаҳр зери назорати қатъӣ қарор додани фаъолияти самараноки ҳамаи соҳаҳо — иҷтимоӣ, иқтисодӣ, махсусан муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, сафарбарсозии техникаҳои коммуналӣ барои беҳдошти ҳолати роҳҳои нақлиёту пиёдагард аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ, таъмини муназзами аҳолӣ бо барқ, оби ошомиданӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ, навбатдории шабонарӯзии роҳбарияти шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт, сохторҳои дахлдор дар ин давра ва иҷроиши муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев махсус таъкид намуд, ки нисбати талаботи меъёрӣ ба хатсайрҳо, сафарбарсозии воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии коммуналию хусусӣ масъулин тамоми чораву имкониятҳоро андешанд ва дар ин самт назорати ҷамъиятӣ пурзӯр карда шавад.

Дар ҷаласа, инчунин фаъолияти анҷомдодаи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр дар ду шабонарӯзи гузашта натиҷагирӣ карда шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев сипосмандии хешро ба кулли кормандон, қабл аз ҳама ба занҳое, ки ба рӯфтани кӯчаҳо вобастаанд, иброз дошта, ҷавобан ба заҳматҳои хастагинопазири онҳо муқаррар сохт, ки баҳри дастгирии иҷтимоии ҳар кадоме аз онҳо кӯмаки якдафъаина дар ҳудуди 1000 сомонӣ ба ҳар нафар дар рӯзҳои наздик омода карда шавад.

Дар иртибот ба ин аз кулли роҳбарони субъектҳои соҳибкории шаҳр даъват ба миён овард, ки дар ин маърака аз худ ташаббус нишон диҳанд.

Зимнан масъулинро муваззаф сохт, ки то иҷлосияи навбатӣ лоиҳаи санади дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар хусуси минбаъд ҳамасола дар моҳҳои декабр, январ ва феврал иловатан ба маоши вазифавии ин гуна занҳо 1000 сомонӣ (700 сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва 300 сомонӣ аз ҳисоби ноҳияҳо) иловапулӣ муқаррар намудан таҳия намоянд.

Дар идома дастур дод, ки таваҷҷуҳи кулли сокинони шаҳр ба сарфакорона истифодабарии неруи барқ ва риояи техникаи бехатарӣ нигаронида шавад. Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳрро дастур дод, ки бобати пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор дар пойтахт чораҳои профилактикиро пурзӯр намояд.

Ҳамзамон бо дахли масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр маротибаи дигар раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулин ва фаъолони пойтахтро ба татбиқи якмароми муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти манъ доштани  парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе нигаронида, талаб намуд, ки чораҳои  бебозгашт таври доимӣ амалӣ карда шаванд.

Инчунин баҳри тақвияти чораҳо оид ба риояи танзими расму оин дар марзи шаҳри Душанбе дар ҷаласа масъулияти раисии комиссияи марбутаи шаҳрӣ аз муовини якуми раиси шаҳр гирифта, ба зиммаи муовини тозаинтихоби раиси шаҳри Душанбе Р.А. Қурбонова вогузор карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, сурат гирифт.

Ш.САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе