Ҷаласаи васеи кории Раиси шаҳри Душанбе

№59-60 (3360-3361) 24.04.2015

20 апрели соли 2015 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа, қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси татбиқи барномаҳо оид ба вусъати тадбирҳо ҷиҳати ободонии роҳҳои дохилии маҳаллаву шаҳрак дастур дод, ки тавассути ҷалби потенсиали эҳсонкории фаъолони пойтахт, аҳли ҷамоатчигӣ, субъектҳои хоҷагидории шаҳр, ки метавонанд ба суратҳисоби махсуси таъсисдодашаванда дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ихтиёран ҳиссагузорӣ намоянд, бо мусоид омадани боду ҳаво, маъракаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилиро дар асоси лоиҳаҳои дахлдор оғоз  кунанд.

Дар иртибот ба таъмини хизматрасонии бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, инчунин баҳри коҳиш додани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳр, ки аз 9 апрел воридшавии ҳама гуна воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ ба ҳудуди шаҳр манъ ва таваққуфи онҳо дар чор даромадгоҳи шаҳр муайян карда шудааст, ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки баҳри риояи муқаррароти мазкур дар ҳамкорӣ бо прокуратураи шаҳр, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намояд. Ҳамзамон Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳр вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати таваққуфи воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ нуқтаҳои мушаххасро муайян намоянд.

Инчунин дар ҷаласа масоили андешидани тадбирҳои кадрӣ дар тамоми субъектҳои хоҷагидории шаҳр ва ноҳияҳо баррасӣ ва дастур дода шуд, ки раисони ноҳияҳо, сардорони раёсатҳои марбута барои ишғоли мансабҳои давлатӣ  аз панҷ то ҳафт номзади ҷавону соҳибихтисос ва арзандаро дар муҳлати даҳ рӯз унвонии раиси шаҳр пешниҳод намоянд.

Баҳри таҳкиму вусъати корҳои ободонӣ ва бевосита шунидани арзу шикоятҳои сокинон дар маҳалҳо, Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш дод, ки шурӯъ аз 30 апрели соли 2015, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе, дар ноҳияҳои пойтахт, ибтидо аз ноҳияи Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ «Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳо» бо иштироки бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони аввали сохторҳои шаҳрӣ  доир карда шавад.

Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ  ба масъулини бозорҳои коммуналӣ дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардид ва бо мақсади аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингузари назди КВД «Бозори Шоҳмансур» қарор дода шуд, ки аз 1 –уми майи соли ҷорӣ дар бозори мазкур фурӯши якчанд намуд молу маҳсулот ихтисор карда, барои идомаи фаъолияти соҳибкорон дар КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» нуқтаҳои савдо пешбинӣ шавад.

Ҳамзамон дар  ҷаласа нақшаи омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдат тарҳрезӣ гардида, барои пурмуҳтаво ва муосир  намудани хизматрасониҳо дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр ба масъулин супоришҳо дода шуданд.

Дар иртибот ба риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи динӣ дар шаҳр, масъулини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати боздошти воридшавии молу маҳсулот ва сару либосҳои ба фарҳанги мо носозгор ва барчидани онҳо аз нуқтаҳои савдо тадбирҳои воқеӣ андешанд.

Ш. Саидов