Ҳамоиши прокуророни генералии кишварҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

№112 (3258) 27.09.2014

Бисту панҷуми сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина ҷаласаи 24-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷаласа прокуророни генералии  Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Тоҷикистон ва муовинони прокуророни генералии  Федератсияи Россия  ва Озарбойҷон, ҳамчунин котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ  ва муовини раиси Кумитаи  иҷроияи ИДМ иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои таҷрибаи  кори прокуратураҳои генералии кишварҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тасдиқи маърӯзаи таҳлилӣ ва ҳисоботи ҷамъбастии «Маълумот дар бораи вазъи ҷинояткорӣ, кори тафтишот, фаъолияти прокурорӣ, амалияи иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза  бо ҷинояткорӣ», ҳолати иҷрои Барномаи ҳамкорӣ дар соли 2013, амалияи фаъолияти мақомоти прокуратура  дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, алалхусус дар хориҷи кишвар, такмили ҳамкориҳо бобати мубориза бо коррупсия, амалияи иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ  дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ дар соли 2013 ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ ороста шуд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина барои рӯзноманигорон оид ба натиҷаҳои ҳамоиши прокуророни генералӣ маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҳамоиш оид ба зарурати қавӣ намудани ҳамкориҳо ибрози андеша карданд. Қарор дода шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат бо терроризм, ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, дигар навъҳои  ҷинояткории фаромиллӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ тақвият бахшида шавад.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»