Ба «Ромсар» дигар бовар намекунам

№132 (3117) 17.10.2013

Рӯзи сеюми октябр бо мақсади фармоиш додани парда барои хонаам  ба ширкати «Ромсар» рафтам. Шунида будам ва ҳамчунон аз рекламаҳои бешумори тариқи радиову телевизион пахшшаванда огоҳ будам, ки дар ин ширкат маводи мавриди ниёзи дархосткардаатонро дар муҳлати кӯтоҳ, сари вақт ва хушсифат омода менамоянд.

Дар ширкати «Ромсар» барои хонаам парда фармоиш додам. Ба ман  гуфтанд, ки фармоиши шумо рӯзи 7 октябр омода мешавад. Маблағи пардаҳоро пардохт карда, хурсандона баромада рафтам. Дар рӯзи таъиншуда барои гирифтани пардаҳо омадам, вале кормандони ширкати «Ромсар» табъамро хира сохтанд.

- Фармоиши шумо ҳоло омода нашудааст. Рӯзи дигар биёед, — гуфтанд ба ман. Фардои он рӯз ба он ҷо рафтам. Мутаассифона, пардаҳои  дархосткардаам ҳоло ҳам тайёр набуд.

Рӯзҳои чоршанбеву панҷшанбе ва ҷумъа низ ба ҳамин минвол  гузашт. Аз ҷойи корам  чанд дафъа  ба ширкати мазкур занг  задам. Хостам, ки бо роҳбари ширкати «Ромсар» суҳбат кунаму сабаби то ҳол омода накардани пардаҳои фармудаамро пурсон шавам.

Афсӯс, кормандони ширкат ё гӯшаки телефонро намебардоштанд ва агар бардоранд ҳам, дар ҷавоб мегуфтанд, ки раис банд аст ё ҳузур надорад.

Хонандаи азиз, ин гуна рафтор ва муносибати кормандони ширкати «Ромсар» маро ба ҳайрат овард. Наход ширкате, ки дар ҷумҳурӣ ном баровардааст, ба мизоҷони хеш чунин бархӯрдро раво бубинад? Магар барои кормандони ин корхона мафҳуми «ҳуқуқи истеъмолкунанда» шинос нест?

Ҳар шахсе, ки ба ин ё он корхонаю ширкат барояш омода кардани чизеро фармоиш медиҳад, ҳуқуқ дорад сари вақт ва дар муҳлати таъиншуда тайёр кардани онро талаб кунад.

Магар сарсону саргардон кардани шахси корафтода маънии поймол кардани ҳуқуқи истеъмолкунандаро  надорад? Ё дар ширкати «Ромсар» миёни мизоҷонашон фарқ мегузоранд? Фармоиши якеро дар навбати  аввалу дигариро ҳар вақти дигар хоҳанд, иҷро мекунанд?!

Акнун, баъди чунин муносибат, дигар боварам ба ширкати «Ромсар» намондааст. Ба он рекламаҳои  шабу рӯз аз тариқи радиову телевизион пахшшавандаи хизматрасониҳои ин ширкат дигар бовар намекунам, зеро ба он ҷо корафтода шудаму чунин муносибатро нисбатам раво диданд.

Давлат  ҚУРБОНОВ, сокини шаҳри Душанбе