Барои бартараф кардани тамбашавӣ маҷмӯи чорабиниҳоро анҷом додан лозим,

№158-159 (3143-3144) 19.12.2013

- мегӯяд мутахассис ва олими шинохтаи соҳаи роҳсозӣ А. Шарифов

Абдумаҷид Шарифов аз зумраи он мутахассисонест, ки дар соҳаи роҳсозию роҳдорӣ ва нақлиёти автомобилӣ таҷрибаи зиёд андӯхтааст ва вазъи соҳаи ҳаётан муҳим ҳамеша мадди назари эшон қарор дорад. Мавсуф бо воситаҳои ахбори омма мунтазам ҳамкорӣ карда, роҷеъ ба масоили гуногуни соҳаи зикршуда воқеъбинона ибрози назар менамояд ва барои рафъи камбудиҳо пешниҳодоти мушаххас баён мекунад. Маҷмӯи афкору андешаҳои А.Шарифов соли 2009 ба шакли китоби алоҳида зери унвони «Нагуфтанд, ки гуфтем» ба табъ расида буд ва алҳол қисми дуюми он омодаи нашр аст. А. Шарифов академики Академияи байналмилалии нақлиёт, номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.  Чанде пеш вай меҳмони идораи мо буд ва роҷеъ ба вазъи нақлиёти пойтахт сӯҳбат намудем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.

-Мӯҳтарам А. Шарифов, дар шумораи 19 октябри соли 2013 таҳти № 133 зери  унвони «Тамбашавии нақлиётро «даво» чист?» муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзнома Далер Мерганов роҷеъ ба вазъи нигаронкунандаи ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанбе  мақолае интишор карда буд, ки аз ҷониби идораю муассисаҳои дахлдор ва мардум вокуниш ба миён овард. Хоҳишмандем шумо, ҳамчун мутахассиси варзида, атрофи ин мавзӯъ андешаҳои хешро баён кунед.

-Бале, ин мақоларо ман хондам ва он саривақтӣ ва мавзӯи муҳими рӯз аст.

Имрӯз воқеан масъалаи тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе нигаронкунанда аст ва бояд барои рафъи он силсилачораҷӯиҳоро анҷом дод. Ман ҳамчун мутахассис дар ин бора ҳанӯз соли 2006 ибрози назар карда будам. Хушбахтона, дар ин робита якчанд пешниҳодоти бандаро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, дар амал ҷорӣ кард. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар як иқдоме, ки барои ободию пешрафти пойтахт аст, мепазирад ва барои амалишавии онҳо саъю талош менамояд.

Тавре маълум аст, имрӯз дар кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва Айнӣ роҳҳо таҷдид мешаванд, ки боиси дастгирист. Аммо мушоҳида мешавад, ки баъзе соҳибони воситаҳои нақлиёт канори ин роҳҳоро ба истгоҳҳои дарозмуддат табдил додаанд. Дар роҳҳое, ки ҳаракати нақлиёт доимӣ аст, набояд автомобил  як ё ду соат ва ё рӯзи дароз нигоҳ дошта шавад. Зарур аст, ки дар назди беморхонаҳо, идораю муассисаҳои бузург ва ё марказҳои савдо ва ба ин монанд ҷойҳои махсуси мошиннигоҳдорӣ вобаста ба нақлиёти мавҷуда сохта шавад, то мошинҳои ин идораҳо ва ё корафтодагон дар роҳҳои асосӣ соатҳои дароз истода, роҳро танг накунанд. Тавре мушоҳида мешавад, дар роҳҳое, ки аз ду тараф шаш хат дорад, ҳамагӣ чор хати он кор мекунаду дутои он банд аст. Масъалаи дигар ин ки роҳи гирдогирди (давродаври) атрофи шаҳри Душанбе бояд ҳатман бунёд ёбад. Дар ин бора  низ ман соли 2006 ва чанд маротибаи дигар тавассути матбуот  андешаҳоямро иброз карда будам. Агар роҳи гирдогирд бошад, масалан шахсе, ки аз тарафи Ваҳдат, Рашт ва ё Кӯлоб меояду ба самти Ҳисор рафтанӣ аст, вай бо канори пойтахт гузашта, ба он самт ҳаракат мекунад. Яъне, ин кор ҳам барои мошинҳои тавассути пойтахт ба дигар минтақаҳо гузаранда хуб асту ҳам барои нақлиёти дохилишаҳрӣ. Айни ҳол, ки ин гуна роҳ нест, теъдоди мошинҳои транзитӣ низ дар пойтахт зиёд шуда, сабабгори чунин тамбашавӣ мегардад. Теъдоди чунин нақлиёт ҳамарӯза на кам аз 30 фоизро ташкил мекунад.

Ва ё чизи дигар, агарчӣ камтар шуда бошад ҳам, ҳоло пурра ҳал нашудааст, он аст, ки мошинҳои калонҳаҷме, ки ба шаҳри Душанбе бор меоранд, бояд он борро дар канори шаҳр дар анборҳо холӣ кунанду он борҳо тавассути мошинҳои хурдҳаҷми боркаш ба бозору нуқтаҳои дигари савдо кашонида шавад.

- Дар ин робита як фикри дигар ҳам ҳаст. Ҳоло бозорҳои бузурги тиҷоратие, ки мардум бештар ба он ҷойҳо мераванд (Корвон, Султони Кабир, Саховат), асосан дар як ҷониби пойтахт ҷойгиранд. Ба ин бозорҳо тавассути нақлиёт аз дигар минтақаҳои пойтахт ва шаҳру навоҳии мамлакат низ одамон меоянд ва дар натиҷа теъдоди нақлиёт хеле зиёд шуда, тамбашавӣ пайдо мешавад. Хуб мебуд, ба мисли Корвон ва ё Султони Кабир чунин бозорҳо дар назди ҳар чор дарвозаи шаҳри Душанбе бунёд мешуд. Дар натиҷа аз ҳар як вилоят ё минтақа ба гӯшаи наздики пойтахт молу мавод меоварданд ва ё харид карда мебурданд. Дар ин сурат теъдоди мошину мусофирон дар як самт зиёд намешуд.

- Дуруст, ин ҳам пешниҳоди хубу манфиатовар аст. Бовар дорам, мутасаддиён ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ин бора андеша мекунанд.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Акнун боз масъалаи дигаре, ки боиси тамбашавии нақлиёт мешавад, ин  бенизомии ҳаракати нақлиёти мусофирбар( автобусу троллейбус, тангему таксиҳо) аст. Ҳамин мусофирбарҳо бояд ҳатман дар истгоҳҳои барои онҳо муайяншуда истанд. Ин чиз дар ҳама ҷойи шаҳр мушоҳида мешавад. Масалан, дар назди Садбарг, баъзан қатори дуюму сеюмро ҳам нақлиёти мусофирбар банд мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо махсусан троллейбусу автобусҳо, ки мусофирбарҳои асосии шаҳр маҳсуб меёбанд, дигар ҳаракат карда наметавонанд. Ин дар ҳолест, ки аз 100 то 150 метр масофаи даромаду баромади истгоҳи автобусу троллейбус бояд холӣ бошад.

-Адади таксиҳо низ хеле зиёд шудааст. Оё ҳаракати онҳоро ба танзим даровардан мумкин аст?

-Бале, имрӯз вобаста ба вазъи иқтисодӣ бисёриҳо мошинҳои шахсии худро барои мусофиркашонӣ истифода мебаранд, ки ин машғулият боиси рӯзгузаронии онҳо мешавад . Ҳамаи ин нақлиёти мусофирбар бояд нақшаи махсуси худро дошта бошад. Ҳоло таксиҳо пайи ҳам роҳҳоро банд карда, бо доду фарёду талошҳо мусофир ҷамъ мекунанду баъд ба роҳ мебароянд. Ин одоби шаҳрдорӣ нест.

Ин масъалаҳо бояд зери назорати қатъии нозирони роҳу мутасаддиёни нақлиёти пойтахт бошад. Бори дигар ёдовар мешавам, ки имрӯз воқеан роҳҳои пойтахт таъмиру васеъ шуда истодаанд, танҳо бояд тартибу интизом ҷорӣ буданаш лозим. Яъне, танзими ҳаракати нақлиётро бояд ҳатман таъмин намоем.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум