Чанде пеш бо ибтикори Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) барои кормандони Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар доир гардид, ки он ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ бахшида шуд.
Семинари мазкур аз ҷониби Барномаи БОМКА (сарпарасташ- Иттиҳоди Аврупо) дар ҳамкорӣ бо Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират (МБСРМ) ташкил ёфт.
Дар ҷараёни семинар мутахассисон аз Иттиҳоди Аврупо оид ба системаи аврупоии назорати ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин дар мавзуъҳои дастовардҳои навтарин дар бахши бехатарӣ ва мукаммал будани ҳуҷҷатҳо маълумот доданд. Усулҳои муқаррарӣ, технологияи рақамии чопкунӣ ва зинаҳои омодасозии шиносномаи хориҷии шаҳрванд низ дар рафти семинар баррасӣ гардид.
Баргузории семинар аз таъмини муқаррароти зинаи дуюми таҳияи ҳуҷҷатгузорӣ, ки ба системаи аврупоии сезинагии ҳуҷҷатгузорӣ асос ёфтааст, иборат мебошад. Кормандони салоҳиятдори назорати марказӣ, ки дорои таҷриба ва дониши кофӣ оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ мебошанд, дар семинари мазкур бо кори амалӣ, яъне ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳои воқеӣ, машғул шуданд.
Ҳадафи барномаи БОМКА аз кӯмак ҷиҳати такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва транзит, ҳамчунин пешгирии убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ иборат мебошад.
Барномаи БОМКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 инҷониб фаъолият дорад. Он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, тавассути Барномаи Рушди СММ ва Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират амалӣ мегардад. Барномаи мазкур баландбардории ихтисоси кормандон, мукаммал гардонидани зерсохтори сарҳадӣ, мусоидат ба идораи сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва ғайраро фаро мегирад. Дар чорчӯбаи ин Барнома чор гузаргоҳ вобаста ба талаботи стандарти байналмилалӣ, ҳафт дидбонгоҳи сарҳадӣ, шаш нуқтаи махсуси байниидоравии зидди қочоқи маводи мухаддир ва ғайра сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳаҷми умумии маблағгузории Барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус менеҷери Барномаи БОМКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Қаҳҳоров ба мо иттилоъ дод.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»